Хабарҳои руз

Боздид аз раванди таълиму тарбия дар деҳаи Ваҳдатобод

Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, аз ҷараёни таълиму тарбия дар филиали Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32, воқеъ дар деҳаи Ваҳдатобод дидан намуд.
Зимни боздид Раиси ноҳия бо вазъи умумии муассисаи таълимӣ аз наздик шинос гардида, бо омӯзгорон, хонандагон ва ҳайати кормандони муассиса суҳбат анҷом дод. Мавсуф таваҷҷуҳи хосса ба сатҳу сифати таълим, муҳити тарбиявӣ ва шароити таълиму омӯзиш зоҳир намуда, дастуру маслиҳатҳои судманд ироа кард.
Ёдовар мешавем, ки ин муассисаи таълимӣ дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ноҳияи Айнӣ санаи 11-уми июли соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифта буд.
Дар муассиса зиёда аз 90 нафар хонанда таҳсил намуда, бо кадрҳои соҳибтахассус ва омӯзгорони варзида пурра таъмин мебошад. Ҳамзамон, дар назди мактаб бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Муассисаи томактабӣ барои 40 нафар кӯдак таъсис ёфтааст, ки бо тамоми шароити зарурии замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Раиси ноҳия ба масъулини муассиса дастур дод, ки зимистонгузаронии муассисаро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд, муҳити гигиению санитариро беҳтар созанд, ҷараёни татбиқи низоми баҳогузории 10-холаро пурра ва дақиқ роҳандозӣ намуда, инчунин, аз тамоми имкониятҳои мавҷуда барои баланд бардоштани сифати таълим истифода баранд.
Боздиди Раиси ноҳия аз муассисаи таълимӣ нишон медиҳад, ки рушди соҳаи маориф ва беҳтар намудани шароити таҳсилу тарбияи насли наврас дар меҳвари сиёсати маҳаллии рушди иҷтимоӣ қарор дорад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 23

Leave a Reply

Back to top button