Маълумот дар бораи деҳаҳои ноҳияи Айнӣ

ДЕҲАИ ТОМИН – МАКОНИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГ

Деҳаи Томин дар соҳили зебои дарёи Зарафшон, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд ҷойгир аст. Аз шарқ бо деҳаи Зоосун ва аз ғарб бо Путхин ҳамсарҳад мебошад. Қисми шарқии деҳа бо номи Қалъаи Томин ва қисми ғарбии он бо номи Нӯҳравоқ маъруф аст. Ин номгузорӣ далели қадима будани маҳал аст. Баландии миёнаи деҳа аз сатҳи баҳр тақрибан 1750 метр-ро ташкил медиҳад.
Аз маркази ноҳия то деҳаи Томин тақрибан 10 км, аз Хуҷанд то он тақрибан 220 км роҳ аст. Ба Душанбе бошад, масофа тақрибан 140 км мебошад.
Қадимият ва ёдгориҳои таърихӣ
Томин яке аз деҳаҳои қадимии водии Фалғар ба шумор меравад. Шоҳиди ин таърих вайронаи Қалъаи Томин мебошад, ки деворҳои он то ҳол пойбарҷоанд. Ғафсии деворҳо 70–90 сантиметр буда, аз санги сиёҳ ва лой сохта шудаанд. Қалъа дорои мавқеи мудофиавӣ ва стратегӣ буда, тавассути корези зеризаминӣ аз сой об мегирифт.
Қалъаи Томин – маркази идорӣ ва мудофиавии замонҳои қадим
Мувофиқи ривоятҳо ва баъзе манобеи таърихӣ, Қалъаи Томин дар замоне аз марказҳои муҳими сиёсӣ ва маъмурии водии Фалғар будааст. Баъзе муҳаққиқон бар ин назаранд, ки дар қаламрави он замоне мири Томин зиндагӣ дошта, аз ҳамин ҷо ба ин музофот ҳукмронӣ мекардааст. Қалъа ҳамчун ҷойи мирнишин ва маркази идории замон хизмат мекард.
Бо гузашти вақт ва тағйири низомҳои сиёсӣ, чунин марказҳо дар саросари Зарафшон ё иваз мегардиданд ё аҳамияти худро аз даст медоданд. Чунон ки таърих гувоҳ аст, дар ҳар давра бо пайдо шудани маркази нави сиёсӣ ё маъмурӣ, марказҳои қаблӣ тадриҷан аз нуфуз меафтоданд.
Ҳамин тавр, Қалъаи Томин низ, ки дар замони худ мақоми калидии стратегӣ доштааст, бо сабабҳои сиёсӣ ва ҷуғрофӣ — эҳтимолан бо ҷойивазкунии роҳҳои савдо ё рушди марказҳои нав — аҳамияти қаблиашро аз даст додааст. Бо вуҷуди ин, вайронаҳои деворҳо ва осори сангини боқимонда то имрӯз аз он даврони пуршукуҳи деҳа шаҳодат медиҳанд.
Имрӯз аз қалъа танҳо нишонаҳои лойу санг, масири қадимии корез ва асоси деворҳо боқӣ мондааст, вале худи ин осори хомӯш низ гӯё таърихи ҳазорсолаи ин минтақаи куҳанро баён мекунад.
Дар худи деҳа то имрӯз нишонаҳои корези қадимӣ боқӣ мондааст, ки он ҳамчун намунаи нодири муҳандисии обрасонӣ дар замони қадим ба ҳисоб меравад.
Мувофиқи маълумоти таърихӣ, дар китоби “Рӯзномаи сафари Искандаркӯл” (1870), ки аз ҷониби генерали рус Абрамов ва тарҷумон Абдураҳмони Мустаҷир навишта шудааст, дар ин водӣ деҳае бо номи Томшин (Томин) зикр шудааст. Он замон деҳа ҳамчун маҳалли зебо, дорои ҳавои мусаффо ва мардумони соҳибилму бомаърифат тавсиф мегардад.
Маънои номи «Томин»
Калимаи “Томин” ё “Томшин” аз решаи “том” (пурра) ва пасванди “ин” (ишоратӣ) гирифта шуда, ба маънои «макони мардумони комил, пурмаърифат» шарҳ дода мешавад. Ин маъно пурра бо табиати зебо ва таърихи пурифтихори деҳа мувофиқат дорад.
Шахсиятҳои маъруф ва маърифатпарварон
Томин дар тамоми таърихаш зодгоҳи уламо, муфтӣ, тоҷирон ва мударрисони маъруф будааст. Аз ҷумла:
Қозӣ Амин (Қозӣ Убайдулло) – тоҷири машҳури фалғарӣ, ки то Эрон, Афғонистон, Ҳинд ва Чин сафар карда, бо саховатмандӣ ва ободкорӣ шуҳрат ёфтааст.
Муфтӣ Мулломукаррам – муддате дар Бухоро вазифаи баланди диниро ба ҷо овардааст.
Қозӣ Мирсодиқ – қозии ноҳияи Ҷумъабозори Самарқанд, ки насли ӯ то имрӯз дар Самарқанд фаъолият доранд.
Қозӣ Муҳаммадшоҳи Фалғарӣ – қозии маъруф, ки хонааш бо номи “Қозихона” то имрӯз боқист.
Саҳми деҳа дар ҷанг ва сохтмони давлат
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) аз деҳаи Томин 12 нафар ба фронт рафтаанд, ки чор нафарашон дар майдони набард шаҳид гаштанд. Баъд аз ҷанг деҳа босуръат барқарор шуд ва ба колхози «Свердлов» ҳамроҳ гардид. Дар замони Шӯравӣ мактаб, клуб, мағоза ва бунгоҳи тиббӣ сохта шуданд.
Солҳои 1930 дар асоси сиёсати коллективонӣ хоҷагии «Октябр» таъсис ёфт, ки аввалин раиси он Аслонов Саидикром буд.
Боғҳо ва табиат
Боғҳои қадимии деҳа бо номҳои таърихӣ ҳифз шудаанд: Боғи Қозӣ Амин, Қосимшо, Мир, Мулло Маъсум, Биби Асолат, Биби Мунаввар ва дигарон. Ҳар яке таърихи худро дорад ва рамзи меҳнату ободии мардум аст.
Деҳа имрӯз
Бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳо дар Томин мумфарш шудаанд, хонаҳои наву замонавӣ бунёд ёфтаанд. Сокинон ба кишоварзӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ машғул буда, зиндагии осоишта доранд.
Мардуми меҳнатқарини Томин бо ифтихор мегуянд, ки зодгоҳи онҳо ҷои фарҳанг, меҳнат ва садоқат ба таърих аст.
Шамсиддин Халифаев, рӯзноманигор
и ещё 29
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

Саиднур Саидахмедов, Юсуф Искандаров и ещё 65

Leave a Reply

Back to top button