Илм ва маориф

СОҲАИ  МАОРИФ

Соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноку калиди рушди ҷомеа  ба ҳисоб рафта, ҷиҳати дастгирӣ ва таъмини рушди бомароми фаъолияти соҳа дар ноҳия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад ва ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои миллат, қарор дорад.

Дар ноҳия 74 муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, аз он  (55 муасиссаҳои миёна, 12 муасиссаҳои асосӣ, 1 литсей, мактаб-интернат дар назди МТМУ № 22-и деҳаи Анзоб ва 6 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 621 нафар кӯдакон фаъолият менамояд.

Инчунин дар назди 50 муассисаи таҳсилоти умуми ноҳия 54 гурӯҳи Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 843 нафар тарбиятгиранда ташкил карда шудааст.

Дар маҷмуъ 1464 нафар кӯдак ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шудааст, ки 21,7% кӯдакони синни томактабиро дар ноҳия ташкил медиҳад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ  18886 нафар  хонанда аз ҷумла, 9414 нафар духтар ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили гузашта 140 нафар хонанда кам мебошад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1725 омӯзгорон, аз ҷумла 610 нафар занон ба таълиму тарбия машғул мебошанд, ки аз онҳо ба  таҳсилоти олӣ 1454 нафар, олии нопурра 37 нафар ва бо маълумоти миёнаи махсус 234 нафар фаъолият менамоянд. Илова бар ин, шумораи омӯзгорони маълумоти олидошта зиёд гардида, 82,5 фоизи шумораи умумии омӯзгоронро ташкил намудаанд.

Дараҷаи тахассуси олӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия 563 нафар, дараҷаи тахассуси якум 502 нафар, дараҷаи тахассуси дуюм 282 нафар ва бетахассус 378 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди омӯзгорони нафақахур дар муассисаҳои таълими 57 нафар.

Дар 7 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ синфҳои камнуфус таъсис дода шудааст. Таълими равияҳо дар 17 муассиса яъне равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва равияи табии риёзӣ ба роҳ монда шудааст.

Фарогирӣ ба зиннаи 3-юми таҳсилот дар соли хониши ҷорӣ 97,1 фоизро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботи дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1091 адад компютер, 267 адад принтерҳо, 108 адад тахтаи электронӣ ва 118 адад проектор мавҷуд мебошад, ки ба 9,2 нафар хонанда як компютер рост меояд. Ин 103%-и иҷроиши Барномаро дарбар мегирад.

Мувофиқи талаботи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” то ин давра 271 адад ба нақша гирифта шуда буд, ки аз ҳисоби маблағҳои дар ин самт пешбинӣ гардида 200 адад кабинетҳои фаннӣ харидорӣ карда шуд, ки ин 74 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Таъминоти китоби дарсӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия 95,6%-ро ташкил медиҳад. Норасоии китобҳои дарсӣ аз фаннҳои забони ангилисӣ, ботаника, геометрия, химия, техниологияи информатсионӣ, таърихи халқи тоҷик, забони модарӣ ва математика барои синфҳои ибтидоӣ мебошад.

Дар асоси талаботҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар барои баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат”, “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”  дар ноҳия баргузор карда шуда истодаанд. Моҳи марти соли ҷорӣ даври якуми озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф гузаронида шуд, ки дар он 1199 нафар хонандагон ва 70 нафар омӯзгорону калонсолон иштирок намуда, 289 нафар хонанда ва 21 нафар омӯзгорону калонсолон ба даври ноҳиявии озмун роҳхат гирифтанд.  Дар асоси Низомномаи даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат” давоми моҳи апрел дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф гузаронида мешавад.

Мувофиқи талаботи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” то ин давра 271 адад ба нақша гирифта шуда буд, ки аз ҳисоби маблағҳои дар ин самт пешбинӣ гардида 200 адад кабинетҳои фаннӣ харидорӣ карда шуд, ки ин 74 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ аз ҳисоби сарпарастон ба муассисаҳои  таълимии №4, 20 ва 37 мизу курсиҳои замонавӣ барои омӯзгорон тақдим гардид.

Дар муассисаи давлатии таълимии  Литсейи касбӣ техникии ноҳияи Айнӣ  38 нафар омӯзгорони асосӣ, аз он  ҷумла 8 нафар занҳо кор ва фаъолият мекунанд. Шумораи хонандагон дар литсей  340 нафар, он ҷумла  112 нафарашонро духтарон ташкил медиҳад, ки онҳо асосан  бо ихтисосҳои кафшергари барқӣ, дӯзандагӣ, ҳисобдор, барқчӣ, омӯзиши барномаи компютерӣ ва ронандаи автомобил фаро гирифта шудааст.

Дар муассисаи таълими ҳамаги 15 нафар устои таълими истеҳсолӣ кор ва фаъолият менамоянд, ки аз он 3 нафарашонро занҳо ташкил мекунад.

Дар деҳаҳои Вешканд, Ш.Поён, Вешаб, Зеробод ва Мастчоҳи Куҳӣ курсҳои дӯзандагӣ, кафшергари барқӣ ва ҳисобдон бо донистани компютер аз тарафи литсей ташкил карда шудааст.

Back to top button