СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА, МАРКАЗИ    ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ҲИФЗИ  ИҶТИМОИ АҲОЛӢ

СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА, МАРКАЗИ    ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ҲИФЗИ  ИҶТИМОИ АҲОЛӢ

Дар Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия  10282 нафар нафақагирон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 276 нафар зиёд мебошад.

Дар ин давра талаботи нафақаи нафақагирон 50,3 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9,3 миллион  сомонӣ ё ин ки 122,7 фоиз зиёд гардида, пурра тавассути кортҳои Амонатбонки ноҳия пардохт карда шудааст. Андозаи миёнаи нафақа 521,86 сомониро дар бар мегирад. Дар давраи ҳисоботи ба 204 нафар ба маблағи 338,2 ҳазор сомонӣ кӯмакпули барои дафн пардохт шудааст.

Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта”-и ноҳия дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби ҳамаи намудҳои суғурта ба маблағи 207,6 ҳазор сомонӣ пардохтҳои суғуртавӣ ворид намудааст, ки баробарӣ 103,0 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, дар қиёс нисбати нақша  6,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ба 152 нафар шахсони ниёзманди дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта хизматҳои иҷтимоӣ, тиббӣ, равонӣ ва ҳуқуқӣ расонидааст, ки аз ин шумора 82 нафар маъюбон аз ҷумла маъюби гӯруҳи якум 27 нафар, маъюби гӯруҳи дуюм 29 нафар, маъюби гӯруҳи сеюм 7 нафар ва кӯдакони аз овони кӯдаки маъюб 19 нафар мебошанд. Шахсони яккаву танҳо 45 нафар буда, пиронсолони эҳтиёҷманд 25 нафарро ташкил медиҳанд. Ба шахсони ниёзманд дар як ҳафта ду маротиба хизматҳои иҷтимоӣ-маишӣ, иҷтимоӣ-тиббӣ, иҷтимоӣ-равонӣ ва иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ расонида мешавад.

Вобаста ба татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои камбизоат, маъюбон, ятимону барҷомондагон ва бепарасторон дар арафаи ҷашнҳои миллӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони саховатпеша ба маблағи умумии 809 ҳазору 171 сомонӣ кӯмакҳои яквақтаинаи моддӣ ва молиявӣ расонида шуд, ки нисбати соли гузашта 103 ҳазору 992 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра шумораи оилаҳои камбизоате, ки аз кӯмаки унвонии иҷтимоӣ бархурдор шудаанд 4196 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 159 нафар зиёд мебошад.

Дар асоси қарорҳои Раиси вилоят ба 34 нафар маъюб, маъюби Артиши шӯравӣ, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ ва дигар маъюбон ба маблағи 45 ҳазор 900 сомонӣ кӯмакпулӣ дастрас карда шуд. Инчунин дар асоси муроҷиати маъюбон ба 4 нафар аробачаи маъюби дастрас карда шудааст.

Back to top button