Раиси ноҳия аз рафти соҳаи чорводорӣ ва зироатпарварии хоҷагӣ дидан намуд. Маълум гардид, ки дар хоҷагӣ рушди соҳаҳои болозикр хеле назаррас буда, аъзоёни хоҷагӣ аз ҳисоби фурӯши ширу ҷурғот, чаккаю қаймоқ, картошка, пиёз, мева ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ даромади хуб ба даст оварда, ба ин васила дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми босазо мегузоранд.
Раиси хоҷагии ба номи Карамов дар масоҳати наздики як гектар замин, ки дар гузашта боғи кӯҳна буд, кишти маҳсулоти полезиро аз қабилӣ картошка, пиёз, сабзӣ ва дигар намуди сабзавотро ба роҳ мондааст.
Раиси ноҳия масъулонро таъкид кард, ки рушди соҳаи кишоварзиро дар деҳоти ноҳия боз ҳам хубтар ба роҳ монда, ҳар як ваҷаб заминро босамар истифода намоянд.