Фарҳанг

СОҲАИ  ФАРҲАНГ

Дар замони муосир таблиғу арзишҳои миллию фарҳангӣ бедор намудани худшиносиву худогоҳии миллӣ рисолати ҳар фарди  ватандӯст маҳсуб меёбад.

Муассисаҳои фарҳангии тобеати бахши фарҳанги ноҳия аз 33 муассисаҳои клубӣ, аз ин шумораи 1 қасри фарҳангӣ ноҳия, 3 хонаи фарҳанги деҳот, 29 клуби деҳот, 39 китобхонаҳои системаи марказонидашуда, аз ин 1 китобхонаҳои марказӣ, 1 китобхонаҳои бачагона, 37 китобхона филиалҳо дар деҳоти ноҳия, 1 осорхонаи таърихи кишоваршиносӣ, 1 маҷмааи таърихию фарҳангии ба номи Н. Туғрал, 2 мактаби бачагонаи санъат ва ҳамзамон 1 радиошунавонии маҳаллӣ ноҳия  ба мардум хизмат мерасонад.

Дар давраи ҳисоботи  дар муассисаҳои фарҳанги ноҳия зиёда аз 257 чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ гузаронида шудаанд. Маҳзани китобии китобхонаҳо 192 ҳазору 955 нусха китобро ташкил медиҳад. Шумораи нигораҳои осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва маҷмааи таърихию фарҳангии Н.Туғрал  939 ададро ташкил медиҳад. Аз Осорхона ва маҷмааи таърихию фарҳангии Н.Туғрал дар ин давра 615 нафар сайёҳон дидан намудаанд, ки аз ин шумора 16 нафарашонро хориҷиён ташкил медиҳанд.

Дар давраи ҳисоботи ба маблағи 32 ҳазору 600 сомонӣ мизи курсиҳо аз ҳисоби буҷаи маҳалӣ   харидори намуда ба муассисаҳои клуби ноҳия дода шудааст. Аз ҳисоби шаҳрванди шаҳраки Сарвода бошад клуби шаҳрак аз нав таъмиру азнавсози карда шуда истодааст.

Бахши фарҳанги ноҳия баҳри инкишофи раванди фарҳанги миллӣ талош варзида барои баргузории чорабиниҳо дар сатҳи баланди касбию фарҳангӣ, таҷлил намудани санаҳои таърихӣ ва ҷашнвораҳо, чораҳои мушахасс андешида ба натиҷаҳо ноил гардидаанд.

Back to top button