Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол 25 май дар ноҳияи Айнӣ чорабинии идона баргузор гардид.
Қобили зикр аст, ки 7 май Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ пешниҳод шудааст.
Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода ҳозиринро ба нахустин ҷашни Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик намуда, аҳаммият ва нақши ин варзишро дар саросари ҷаҳон таъкид кард. Дар ин росто қайд гардид, ки футбол на танҳо як варзиш аст, балки як нерӯи тавоно барои некӣ мебошад. Он ба тавсеаи ҳамкориҳои дастаҷамъона, эҳтироми якдигар ва ҳамчун нерӯи тавоно дар тақвияти равобити тамоми қишри ҷомеа нақши муҳим мебозад.
Бояд гуфт, ки аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд миёни дастаҳои ғайрикасбӣ барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон” роҳандозӣ гардидааст, ки дар ин замина аз ҷониби масъулони ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ низ аввалин бозии он миёни дастаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳусни оғоз гирифта, ба роҳ монда шуд.