Баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода дар якҷоягб бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Имодулло Убайдуллозода субҳи имрӯз 28-уми майи соли 2024 бахшида ба 30 – солагии Рӯзи Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон оилаи қаҳрамони дар муноқишаҳои наздисарҳадӣ фавтида Хирадманд Усмонзодаро аёдат намуд.
Бояд ёдовар шуд, ки муноқишаҳои марзии соли гузашта боиси марги фарзандони вафодору қаҳрамони Ватан гардида, бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки дар ҳифзу марзу бум ва манфиати миллӣ ҳиссагузор бошем.
Ҳангоми аёдати оилаи дар даргириҳои сарҳадӣ ҷонбохта Рӯзибой Раҳимзода бо падару бародарон ва дигар пайвандони ин оила аз наздик сӯҳбат намуда, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия онҳоро бахшида ба 30-солагии Рӯзи Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.
Зимни аёдати хонаводаи қаҳрамон Рӯзибой Раҳимзода иброз намуд, ки амали ҷавонмардонаи фарзанди баору номус ва сипари боэътимоди Ватан баҳри насли ҷавон ва ояндагон дарси шуҷоату мардонагӣ буда, корнамоии қаҳрамононаи онон дар сафҳаи таърих бо ҳарфи заррин сабт хоҳад гардид.
Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаи мазкур кӯмак расонида шуд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ