Имрӯз, 23-юми июли соли 2024 мусобиқаи футбол дар ноҳия, ки бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд ҷамъбаст гардида, дастаи футболи деҳаи Айнӣ сазовори Ҷоми Раиси ноҳияи Айнӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Айнӣ тайи чанд муддат аст, ки миёни сокинони деҳаҳо мусобиқаи футболи калон барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳияи Айнӣ ба роҳ монда шуда буд.
Дар мусобиқаи мазкур, ки аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Айнӣ доир карда шуд, аз ҳамаи деҳаҳои ҳудуди ноҳия варзишгарон иштирок карда, байниҳам рақобат намуданд.
Дар натиҷаи талошу заҳматҳо барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳия имрӯз дастаи Айнии маркази ноҳияи Айнӣ ғолиби мусобиқа гардид.
Дар охир дар вазъияти тантанавӣ ба дастаи Айнӣ барои иштироки фаъолона ва ишғоли ҷойи якум дар мусобиқаи варзишӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ва дарёфти “Ҷоми Раиси ноҳия” – “Ҷоми Раиси ноҳия”, Диплом ва 8 ҳазор сомонӣ, ба дастаи Шаватки Боло барои ишғоли ҷойи дуюм Диплом ва 6 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи Пинён барои ишғоли ҷойи сеюм Диплом ва 4 ҳазор сомонӣ супорида шуд.