Субҳи имрӯз 23-юми июли соли 2024 Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода аз хонаҳои мардуми деҳаи Пасрӯди Ҷамоати деҳоти Фондарё, ки аз офати табиӣ зарар диданд дидан кард. Хотиррасон менамоем, ки 13 июл дар якчанд деҳаҳои ноҳияи Айнӣ дар натиҷаи бориши зиёди борон сел омад, ки ин офати табиӣ боиси хисороти молию ҷонӣ гардид.
Аниқтараш, 13 июли соли равон, дар ҳудуди деҳаи Искодари Ҷамоати деҳоти Дар-Дар сел омада, якчанд хонаҳои истиқоматӣ, боғу заминҳои корам ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и деҳаро қисман хароб кард ва мутаассифона як сокини 58-солаи ин деҳа ба ҳалокат расид. Ҳамчунин, 13 июл, дар ҳудуди деҳаи Пасрӯди Ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ омадани сел боиси хароб гардидани баъзе боғоту заминҳои корам ва қисман зарар дидани хонаҳои истиқоматӣ, инчунин баста шудани роҳи байни деҳаҳо гардида буд. Хушбахтона дар деҳаи Пасрӯд талафоти ҷонӣ бар асари фаромадани сел вуҷуд надошта худи ҳамон рӯз, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ роҳ аз деҳаи Пинён то деҳаи Пасрӯди Ҷамоати деҳоти Фондарё пурра аз лойқа тоза гардида, ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода хона ба хонаи мардум гашта, аз аҳволи мардуми деҳаи Пасрӯд пурсон шуд. Зимни вохӯрҳо бо мардум гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зери ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, ҳамеша бо мардум ва дар якҷоягӣ барои барқарорсозии хонаю боғот ва заминҳои аз офати табиӣ зарардида ҷаҳду талош хоҳад варзид.
Имрӯз, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и деҳаи Искодар аз лойқа тоза карда шуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар рӯзҳои наздик ба таъмири капиталии он шурӯъ менамояд.