Раиси ноҳия аз рафти корҳои сохтмонии варзишгоҳи хурди деҳаи Ремони Ҷамоати деҳоти Анзоб дидан кард. Корҳо дар варзишгоҳ хеле вусъат пайдо карда, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони саховатпешаи деҳа таъмир гардида истодааст. Фарзандони барӯманди деҳаи Ремон тасмим гирифтаанд онро болопӯш намуда, барои истифода ба фарзандони варзишгари худ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадя кунанд. Корҳо дар иншооти мазкур аллакай 60% иҷро гардидааст. Раиси ноҳия зимни вохӯрӣ бо фаъолони деҳа дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони саховатпеша ва ватандӯси изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуд.
101