Терроризм падидаи номатлубест, ки сар то сари ҷаҳонро фаро гирифтааст. Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо ва тамоми мардуми сайёра ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Терроризме, ки аз худ нокомӣ, бадномӣ ва яъсу ноумедиро ба бор меорад.
Дар Паёми навбатии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду чолишҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Бо вуҷуди чунин вазъ, дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «терорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст.
Инсоният бояд ҳамеша дар назар дошта бошад, ки терроризм ва террористонро ба худӣ ва бегона, ашадӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан ба ҳеҷ ваҷҳ мумкин нест, террорист, ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.
Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад.
Оқибатҳои харобиовари террористон боис гаштааст, ки имрӯз мардуми сайёра бар зидди ин ҳаракати номатлуб ва вабои аср, ки солҳост идома дорад дастаҷамъона мубориза мебаранд.
Ин падида солҳои охир, бахусус дар ҷаҳони ислом дар шаклҳои тезу тунд воқеъ гардида на танҳо боиси вайрон шудани амну суббот ва бавуҷудоии буҳрони иқтисодӣ дар кишварҳои ҷаҳони сеюм шудааст, ҳамчунин ба вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии умуман ҷаҳони муосир таъсири бад мерасонад. Дар ин раванд имрўз бахусус омили исломгароии сиёсӣ нақши бориз мебозад. Қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ(геополитикӣ) –и худ дар ҷаҳони ислом кўшиши зиёд ба харҷ медиҳанд, ки бо такя ба эътиқодии динии мардум аз он тафовутҳое, ки миёни фирқаву мазҳабҳои исломӣ вуҷуд дорад, сўиистифода намоянд. Барои расидан ба ин ҳадаф бо дасти худи мусулмонон ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии хусусияти динии ѓайрисуннатидоштаро таъсис дода, онҳоро байни мусулмонони кишварҳои исломӣ аз тариқи роҳҳои мухталиф интишор медиҳанд ва барои чунин амал маблаѓҳои пулии ҳангуфт сарф месозанд. Намунаи чунин ҳизбу ҳаракатҳо, ки имрўз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз худ дарак медиҳанд, ҳаракати Салафия, Толибон, Ҷамоаи таблиѓ, Ҳизби таҳрир, Ансоруллоҳ ва амсоли инҳо мебошанд. Дар чанд соли охир бо дасти чунин ҳизбу ҳаракатҳо қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ тавонистанд, ки дар Либия, Тунис, Алҷазоир, Миср, Ироқ, Сурия, Афғонистон тазоҳуротҳои сиёсӣ ба вуқуъ пайваста ин кишварҳоро аз рушди устувор на танҳо боз доранд, ҳамчунин ҷаҳони исломро ноором сохтанд.
Аз ҷумла солҳои 90 – уми асри гузашта, дар Тоҷикистон аз бовару эътиқодот суистифода карда ҳизбҳое шакл гирифтанд, ки бо худ номи дину мазҳабро дошта, дар як муддати кўтоҳ даст ба амалиётҳои тақрибкорӣ зада ва ҷомеаи Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.
Қобили қайд аст, ки дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-и асри гузашта яке аз омили асосӣ ин сиёсикунонии имону эътиқод буд, ки тавассути Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд. Ин ҳизб поягузору сармоягузори хориҷӣ дошт ва бештар барои манфиатҳои онҳо таъсис дода шуда буд. Тарсу даҳшаафкании солҳои 90-уми асри гузашта, ки аз ҷониби пайравону дастандаркорони ин ҳизб роҳандозӣ шуд ҳанўз дар зеҳнҳои мардум нақш бастааст.
Ҳукуматдорони Тоҷикистон дар муддати гуфтушуниди панҷсола ба натиҷаи истиқрори сулҳ ва ризоияти милли расиданд ва ҷурму ҷиноёти аз ҷониби ҲНИТ роҳандозӣ шуда, бидуни муҷозот бахшида шуд ба ин ҳизб дубора ба фаъолият оѓоз намуд, то он лаҳзае, ки боз дубора нақшаи табаддулоти ин гурӯҳ айён нагашт ва билохира ҲНИТ ҳамчун ҳизби мамнуъ ва террористӣ дар кишвар эълон гашт.
Ҳамакнун роҳбарони ин гурӯҳи террористӣ берун аз кишвар кушиш ба харҷ дода истодаанд, ки вазъиятро нотинҷ кунанд, вале мардум аллакай аз найранг ва мақсадҳои нопоки эшон бохабар буда, ҳеҷ гоҳ ба доми фиребашон намеафтанд.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлолият бовару эътиқоди мазҳабиро тибқи озодии виҷдон дар доираи сарқонун машҳурият бахшид. Бинобар ин имрӯз дар маҷмўъ бештар аз 4000 масҷидҳои расмӣ дар саросари Тоҷикистон фаъолият доранд, ки мардумони мазҳабӣ бе мамнуният ибодати хешро ба ҷо меоранд.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад.