Хабарҳои руз

Ифтитоҳи боз як майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Айнӣ

Варзиш дар ҳама давру замон ба сифати беҳтарин василаи муаррифгари давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, маҳз тавассути машғул гардидан ба варзиш ва оммавигардонии тарбияи ҷисмонӣ наслҳои солиму тавонманд ба камол расида, дар пешрафти ҷомеа нақши арзишманд мегузоранд. Бесабаб нест, ки дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи оммавигардонии варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ қарор дошта, бо ин мақсад дар сатҳи давлатӣ силсилаи иқдомҳои наҷиб ва ташаббусҳои шоиста рӯи кор гирифта шуда истодааст.

Бо ин мақсад, имрӯзҳо дар доираи омодагиҳои сазовор ба истиқболи ҷашни фархундаву хуҷастаи миллиамон 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ корҳои ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ бомаром ҷараён дошта, ба истиқболи ин санаи ҳумоюнӣ, дар амри вусъати корҳои ободониву созандагӣ ҳиссаи арзишманди худро гузошта истодаанд.

Вобаста ба ин, имрӯз, дар деҳаи Похути Ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ боз як майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар остонаи таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта ба истифода додани майдончаи муосири варзишӣ бо харҷи зиёда аз 550 ҳазор сомонӣ яке аз иқдомҳои наҷиб дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солим ва бунёди инфрасохтори соҳаи варзиш маҳсуб меёбад. Майдончаи варзишии мазкур дар масоҳати 1152 метри мураббаъ бунёд гардида, майдон бо фарогирии бозии футболи хурд ба роҳ монда мешавад.

Ҳамчунин, дар назди майдони варзишӣ майдонча барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ бо 200 ҷойи нишаст сохта шуд.

Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода зимни ифтитоҳи майдончаи варзишӣ гуфт, ки бо мақсади оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд, зеро варзиш ҳамчун қосиди сулҳ воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад. Дар иртибот ба ин роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ оид ба бунёди майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди ноҳияи кӯҳсории Айнӣ тадбирҳои муассиру созандаро вусъат бахшида, оммавигардонии варзиш, ташфиқи тарзи ҳаёти солим ва рушди варзишро марҳила ба марҳила амалӣ менамоянд. Авҷу суръати бесобиқаи корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла бунёд ва ба истифода додани майдончаҳои варзишӣ дар деҳоти ноҳия имкон фароҳам овард, ки наврасону ҷавонон ба варзиш ҷалб гардида, дар заминаи дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ муваффақу комёб мегарданд. Имкониятҳо ва шароити арзандаи фароҳам овардашудаи машқу тамрин барои варзишгарон онҳоро водор месозад, ки беш аз пеш бо такмил ва сайқали маҳорати варзишӣ шарафи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ ҳифз намоянд.

Итминони комил дорем, -гуфт Муқим Муродзода, ки ҷавонони саодатманди мо бо илҳом аз чунин шароити мусоид баҳри тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаҳду талош намуда, пайваста ба варзиш ва обутоби бадан машғул хоҳанд гардид.

Back to top button