
22.02.2025 дар ноҳияи Айнӣ таҳти роҳбарии Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода бо ҷалби васеи кормандони ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ шанбегии дастаҷамъона таҳти шиори “Тозагиву озодагӣ мароми мост!” баргузор гардид. Шанбегии мазкур аз ҷониби Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ташкил гардида, мақсад аз он тозаву озода нигоҳ доштани фазои табиати маҳал мебошад. Дар ин шанбегӣ мардум атрофи Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, назди биноҳои давлатию ҷамъиятӣ, ошхонаю дигар марказҳои хизматрасонӣ ва хонаҳои истиқоматиро аз ҳар гуна партовҳо тоза карданд.





и ещё 15