Хабарҳои руз

ТАТБИҚИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТӢ БАРОИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НЕРӮИ БАРҚ

Иқтибос аз Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 253.1.
Вайрон кардани қоида аз меъёрҳои истифодаи қувваи барқ
1. Аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи қувваи барқ бе пайвасткуни ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад,
– бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шаступанҷ то панҷсаду чилуҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
2. Ҳамин кирдор, агар:
а) ба миқдори калон;
б) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
в) аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад.
– бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
3. Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) ба миқдори махсусан калон;
б) аз ҷониби гуруҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд,
– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.04.2025, рақами 2163)
Иқтибос аз Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 382. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ.
Барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозгирӣ, инчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Душанбе. 15.04.202, №2164
Возможно, это изображение 2 человека, водонагреватель и текст
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

4

Leave a Reply

Back to top button