Хабарҳои руз

РАВАНДИ ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ УМУМИМИЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода субҳи имрӯз 13-уми июни соли 2025 аз рафти корҳои ободонӣ дар деҳаҳои Дар-Дару Хайрободи Ҷамоати деҳоти Дар-Дар боздид ба амал овард.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Айнӣ барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 595 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Нахуст, Раиси ноҳия аз таъмиру таҷдиди Хонаи фарҳанги деҳаи Дар-Дар дидан карда, бо сохтмончиёну дигар мутасаддиён суҳбат намуд.
Маълум гардид, ки дар Хонаи фарҳанги деҳаи Дар-Дар корҳои таъмирӣ қариб 80 фоиз иҷро гашта, он дар якҷоягӣ бо китобхонааш аз таъмири капиталӣ бояд бароварда шавад. Рӯзибой Раҳимзода ба сохтмончиён барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дода, таъкид дошт дар муҳлати муайяншуда онро ба анҷом расонанд.
Баъдан, Раиси ноҳия аз рафти бунёди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумми №52 дар деҳаи Хайробод дидан кард.
Хотиррасон менамоем, ки зери ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хайробод соҳибкор Зинҳорбек Исрофилов як муассисаи таълимии дуошёна дар назди МТМУ-и №52 сохта истодааст, ки он иборат аз 8 синфхона, ҳуҷраи директор, ҳуҷраи муаллимон, ҳуҷраи муҳосибот ва як ҳолл иборат мебошад.
Муассиса бо маблағи 1 миллиону 800 ҳазор ба нақша гирифта шуда он аз санги маҳаллӣ бунёд гардида истодааст. Дар назди муассиса инчунин майдончаи варзишӣ ба нақша гирифта шуда, бо ибтикори МИҲД-и ноҳия дар якҷоягӣ бо сокинони бонангу номи диёр дар бинои куҳнаи МТМУ-и №52 барои 40 нафар кӯдак боғчаи бачагона ташкил карда мешавад. Бинои нави МТМУ-и №52 барои 240 нафар хонанда бунёд хоҳад шуд ва то имрӯз корҳои сохтмонӣ дар он қариб 85 фоиз ба сомон расонида шудааст.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 22
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

9

Leave a Reply

Back to top button