Хабарҳои руз

ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ГУЛНАЗАР КЕЛДӢ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ БО ТАНТАНА ҶАРАЁН МЕГИРАД

Бо иқдоми роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва дастгирии ҷомеаи зиёиён, дар диёри арҷманди шоири маъруф, муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ, як қатор чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 80-солагии ин фарзонаи миллат ба роҳ монда шудаанд.
Чорабиниҳо бо ҳадафи арҷгузорӣ ба шахсияти барҷастаи илму адаб ва тарбияи эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ миёни насли наврасу ҷавон доир шуда, тамоми бахшҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳияро фаро гирифтаанд.
Конференсияи ҷумҳуриявии “Диёри арҷманди мо”
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо, санаи 20-уми сентябр Конференсияи ҷумҳуриявии адабӣ-фарҳангии “Диёри арҷманди мо” бо иштироки васеи шоирону нависандагон, муҳаққиқон, олимон ва намояндагони мақомоти давлатӣ баргузор мегардад. Ҳадафи ин ҳамоиш бузургдошти хизмати шоёни устод Гулназар Келдӣ дар рушди адабиёти муосири тоҷик ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои барҷастаи таърихии миллат мебошад.
“Рӯзи шеъри Гулназар” дар муассисаҳои таълимӣ
Аз рӯзҳои аввали моҳи сентябр то санаи ҷашн дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия, аз ҷумла мактабҳо ва кӯдакистонҳо, чорабинии “Рӯзи шеъри Гулназар” дар сатҳи баланд баргузор шуда истодааст.
Дар доираи ин иқдом:
Ҳамагонӣ шеърхонӣ аз ашъори устод Гулназар дар байни хонандагон;
Ташкили гӯшаҳои махсус таҳти унвони “Гулназар – муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
Баргузории озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ;
Ташкили гӯшаҳои китоб дар китобхонаҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ бо намоиши осори шоир;
Омӯзиши Суруди миллии Тоҷикистон бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
“Шоми Гулназар” ва аксияи иттилоотӣ
Ҳамзамон, дар маркази ноҳия дар назди муҷассамаи устод Гулназар Келдӣ санаи 16-уми сентябр чорабинии фарҳангии “Шоми Гулназар” бо ширкати аҳли адаб, хонандагону омӯзгорон ва дӯстдорони каломи бадеъ баргузор мегардад.
Бо мақсади густариши маърифати миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори ватандорӣ дар ҷомеа, аксияи иттилоотии “Зи ту саодати абад насиби мост!” низ роҳандозӣ шудааст, ки бо ҳамкории васеи бахшҳои фарҳанг ва маориф татбиқ мешавад.
Арҷгузорӣ ба шахсияти миллӣ
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар ин маврид чунин гуфт: Бо баргузории чунин барномаҳои фарҳангиву маърифатӣ, халқи тоҷик зери роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар муҳаббат ва садоқати фарзандони худро нисбат ба мероси гаронбаҳои фарҳангӣ ва шахсиятҳои миллӣ баён намуда, исбот месозад, ки диёри Гулназар ҳамеша бо ахлоқи баланд, фарҳанги ғанӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ пирӯз аст.
Маркази матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 17

Leave a Reply

Back to top button