Хабарҳои руз

ПЕШВОЗИ ТАНТАНАВИИ САРБОЗОН — ИЗҲОРИ ИФТИХОР АЗ ВАТАН

Дар ноҳияи Айнӣ анъанаи зебою пуршарафи пешвозгирии сарбозони аз хизмати ҳарбӣ баргашта бо шукуҳу шаҳомати хоса идома дорад. Дар деҳаи Ревади Ҷамоати деҳоти Урметан сарбоз Муборакшо Нодировро пас аз адои хизмати ҳарбӣ бо нону намак ва расму оинҳои мардумӣ истиқбол гирифтанд.
Маросим бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳли деҳа баргузор гардид. Масъулин зимни суханрониҳо таъкид намуданд, ки хизмат ба Ватан нишонаи муҳаббат, садоқат ва масъулияти ҳар ҷавон дар назди давлату миллат аст.
Бозгашти сарбозон аз хизмати ҳарбӣ рамзи мардонагӣ ва далерӣ буда, нишондиҳандаи ифтихори миллӣ ва худшиносии насли ҷавон мебошад. Ба сарбозон туҳфаҳои рамзӣ тақдим гардида, аз волидайн барои тарбияи фарзандони ватандӯст изҳори сипос карда шуд.
Барномаи фарҳангӣ бо сурудҳои ватандӯстона, рақсу шеърхонӣ оро ёфта, фазои идона ва эҳсоси ифтихори миллӣ фароҳам овард.
Бо ташаббуси мақомоти маҳаллӣ ва дастгирии шахсии Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, ин анъана дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот идома дорад ва ҳамчун рамзи эҳтиром ба хизматчиёни ҳарбӣ ва тарғиби рӯҳи ватандӯстӣ миёни ҷавонон нақши муҳим мегузорад.
Чунон ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:
«Ватанро дӯст доштан ва ба он хизмат кардан нишонаи ҷавонмардӣ ва инсони комил аст. Ҳар касе, ки Ватанро дӯст медорад, ӯро миллат ҳам дӯст медорад.»
Ҳар ҷавоне, ки бо ифтихор ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон меравад, дарси ватандӯстӣ ва садоқат меомӯзад. Хизмат ба Ватан — на танҳо қарз, балки шараф ва ифтихори бузургест барои ҳар як фарзанди Тоҷикистон.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
Back to top button