Хабарҳои руз

Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Урметан

Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ, №22 Қиёмиддин Давлатзода бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Нахуст, муовини раиси ноҳияи Айнӣ Фарҳод Мукаррамзода ба ҳамоиш ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими сиёсиву барномавӣ буда, самтҳои асосии рушди минбаъдаи кишварро муайян менамояд. Ӯ таъкид кард, ки иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда, аз ҷумла дар самтҳои рушди иқтисоди миллӣ, иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, ободонии маҳалҳо ва таҳкими ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти давлатӣ ва ҷомеа ба шумор меравад.
Зимни вохӯрӣ Қиёмиддин Давлатзода оид ба нуктаҳои асосӣ, самтҳои афзалиятнок ва вазифаҳои калидии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода, аҳаммияти онро дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, беҳтарсозии сатҳу сифати зиндагии мардум ва таъмини суботи ҷомеа махсус таъкид намуд.
Ҳамчунин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Боқимуҳаммад Боқизода вобаста ба нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори андеша кард.
Иштирокчиёни вохӯрӣ вобаста ба масъалаҳои марбут ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, рушди инфрасохтор, таъмини ҷойҳои корӣ, истифодаи самараноки захираҳои маҳаллӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ фикру пешниҳодҳои худро иброз доштанд. Вакил ба саволҳои сокинон посухҳои муфассал дода, ҷиҳати баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои матраҳгардида дар доираи ваколатҳои худ изҳори омодагӣ намуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими роҳнамо барои тамоми қишрҳои ҷомеа хизмат намуда, иҷрои саривақтӣ ва босифати он саҳми ҳар як шаҳрвандро тақозо мекунад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 3
Back to top button