масъалаҳои мубрам

Тоҷик ба ин дунё чӣ дод

Тоҷикон бар аҳли ин дунё тамаддун додаанд,
Баҳри озодию шодӣ, ҷавҳари хун додаанд.
То расад ҳар кишваре бар қуллаи сабзи мурод,
Чашмаҳои Зам-заме аз кӯҳу  ҳомун додаанд.
Баҳри он оламшиносӣ дар фазои ҳамдилӣ,
Чашми бино ,ақли гӯё,меҳру мазмун додаанд.
“Маснавии маънавӣ”,”Аржанг”-и зебоишинос,
Панду андарзи фарогир бе чаро чун додаанд.
Бо ҳамон “Шоҳнома”-ю файзи “Авасто” то абад,
Хилқати созандагӣ бо шавқи афзун додаанд.
Баҳри майдондорӣ, мардону далеру гурду род,
Коваи оҳангару Рустам ,Фаридун додаанд.
Ҳуҷҷати аслии таърихии тоҷик шуд Саразм,
Бо ҳама эҳёгари ҳафтсини маскун додаанд.
“Тоҷикон”аз ҳастии тоҷик шаҳодатнома дод,
Зарварақҳояш хабар аз душмани дун додаанд.
Муждабар гардид ба офоқ аввалин Эъломия,
Баҳри кишварҳои дунё амру қомун додаанд.
Он Куруш. Сомонию Раҳмонии тоҷикнасаб,
Бо ҳама эҳёгариҳо ганҷи Қорун додаанд.
Тоҷикон бар ҳусни Ширин , Лайлию Вис,Робия,
Ишқи Озар ,Ромину Фарҳоду Маҷнун додаанд,
Сулҳи ваҳдатофариниҳои халқи сарфароз.
Бар ватансозу ватанпарвардаҳо хун додаанд.
“Шашмақом”-у ҳам “Фалак” шуд озими ҳар қорае,
Бо навои руду уд оҳанги мавзун додаанд.
Туғралу Ҷомӣ ,Камолу Рӯдакӣ- пири сухан,
Бо ҳама ашъори хеш базми дигаргун додаанд.
Он бузургони ватан бо парчами ақлу хирад,
Шуҳрату нусрат ба НОБ-у барқи Роғун додаанд.
Зидди ҷанг, шӯру мағалҳои паёпай  дар ҷаҳон,
Тоҷикон ҷавшан ба фарҳанги зуфунун додаанд.
То ки ояд нақби Истиқлолу Шар-Шар бар самар,
Мӯшикофӣ карда онҳо нӯги нохун додаанд.
Тоҷикистони ҷаҳони ҳам саёҳатхона шуд,
Ҳаббазо бар кишварам маъною мазмун додаанд.
Кишвари мо шуд биҳишту зад рақам  шоистагӣ,
Меҳрубониро бубин ақли Фалотун додаанд.
Кохи “Миллат”, кохи “Сомон” Парчами болобаланд.
Бар тарозӯи ҳунармандӣ тавозун додаанд.
Бо ҳамон  ҷашни Имоми Аъзами овозадор,
Беҳтарин ҳарфу ҳиҷоҳои ба афсун додаанд.
Метапад набзи ҳама бозори дуеё бо фараҳ,
Шаҳди  ширинмеваҳо аз шохи гулбун додаанд.
Бо ташаббусҳои обу қорапаймойии хеш,
Бар ҳама аҳли ҷаҳон бахти ҳумоюн додаанд.
Бо сари боло ҳамегӯям ба шеъри мондагор,
Тоҷикон чархи дигар бар чархи гардун додаанд.
Бобоҷони  Нурзод

Leave a Reply

Back to top button