масъалаҳои мубрам

Марги Қобилҷони шаҳид – ойинаи ваҳдати миллӣ ва бедории виҷдони ҷомеа

Марги фоҷиабори Қобилҷони шаҳид танҳо аз даст рафтани як ҷавон набуд, ин ҳодиса дарди як миллат, гиряи як модар ва ҳамзамон бедории виҷдони ҷомеаро таҷассум намуд. Куштори бераҳмонаи ӯ дили ҳар фарди боинсофро ларзонд ва бори дигар нишон дод, ки миллати тоҷик дар лаҳзаҳои сангин метавонад муттаҳид, ҳамдил ва ҳамсадо бошад.
Ин фоҷиа собит кард, ки ваҳдати миллӣ танҳо як шиор нест, балки як воқеияти зинда аст. Имрӯз мо шоҳид шудем, ки чӣ гуна тоҷикони Тоҷикистон ва ҳамчунин тоҷикони бурунмарзӣ, тамоми форсизабонони дунё бо як эҳсос, бо як дард ва бо як овоз изҳори ҳамдардӣ карданд. Ин ҳамдилӣ ва ҳамдастӣ гувоҳи он аст, ки решаҳои маънавии ин миллат зиндаанд ва ҳеҷ гоҳ канда намешаванд.
Дар ин замина, сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тамоми умри хешро баҳри таҳкими сулҳ, ваҳдати миллӣ ва баҳамоии тоҷикон сарф намудааст, боз як бори дигар натиҷаи воқеии худро нишон дод. Маҳз ҳамин сиёсати сулҳпарварона буд, ки имрӯз ҷомеаи тоҷикро дар атрофи як дард, як ғам ва як ҳақиқат муттаҳид сохт.
Имрӯз модари ҷигарсӯхтаи тоҷик танҳо нест. Ӯ дар оғӯши маънавии як миллат қарор дорад. Ҳарчанд ҳеҷ чиз дарди аз даст додани фарзандро пурра ҷуброн карда наметавонад, аммо муҳаббат, ҳамдардӣ ва дастгирии мардум метавонад ин дардро сабуктар гардонад. Бесабаб нест, ки дар урфият мегӯянд: «дарди одамро одам мегирад». Шояд маҳз ҳамин ҳамдилии мардум буд, ки бори ғами ин модарро андаке сабук кард.
Қобилҷони шаҳид танҳо фарзанди як оила набуд. Ӯ рамзи умеди як миллат, орзуи як ҷомеа ва ояндаи Тоҷикистон буд. Аз даст рафтани ӯ талафоти ҷуброннопазир аст, аммо ҳамзамон хотираи ӯ метавонад ба як нерӯи муттаҳидкунанда табдил ёбад. Нерӯе, ки моро ба худшиносӣ, масъулият ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ даъват мекунад.
Ин ҳодиса як такони ҷиддӣ барои бедории миллат гардид. Таконе ба ҳамдилӣ, ба ҳамгироӣ ва баҳамоии воқеии ҷомеа. Миллате, ки дар ғам муттаҳид мешавад, дар рушд низ метавонад пешсаф бошад. Аз ин рӯ, фоҷиаи Қобилҷони шаҳид бояд барои мо дарси ибрат бошад: дарси инсонгароӣ, ваҳдат ва масъулияти шаҳрвандӣ.
Рӯҳаш шод бод ва хотирааш ҷовидон. Миллате, ки фарзандони худро фаромӯш намекунад, ҳеҷ гоҳ шикаст нахоҳад хӯрд.
Шамсиддин Халифаев, рӯзноманигор
Возможно, это зарисовка (ребенок)

Leave a Reply

Back to top button