
Дар Ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ №22 Қиёмиддин Давлатзода бо сокинон ва интихобкунандагон баргузор гардид.
Чорабиниро муовини раиси ноҳияи Айнӣ Фарҳод Мукаррамзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими сиёсиву стратегӣ буда, самтҳои асосии рушди устувори кишварро муайян менамояд. Ӯ зикр кард, ки татбиқи босамари дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда, бахусус дар самтҳои иқтисод, иҷтимоиёт, беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ, ободкорӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ аз вазифаҳои муҳимтарини мақомоти давлатӣ ва ҷомеа маҳсуб меёбад.
Зимни вохӯрӣ Қиёмиддин Давлатзода доир ба муҳтавои Паём, самтҳои афзалиятнок ва вазифаҳои асосии он суханронӣ намуда, нақши Паёми Сарвари давлатро дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, боло бурдани сатҳу сифати зиндагии мардум ва таъмини суботу оромии ҷомеа муҳим арзёбӣ кард.
Инчунин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Боқимуҳаммад Боқизода вобаста ба нуқтаҳои калидии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро баён намуд.
Дар ҷараёни мулоқот сокинон перомуни масъалаҳои марбут ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, рушди инфрасохтор, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираҳои маҳаллӣ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ фикру пешниҳодҳои худро ироа карданд. Вакил ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дода, барои мусоидат ҷиҳати баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои матраҳшуда дар доираи ваколатҳои худ изҳори омодагӣ намуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо барои тамоми қишрҳои ҷомеа хизмат карда, иҷрои пурра ва босифати он саҳми фаъолонаи ҳар як шаҳрвандро талаб менамояд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 5










