масъалаҳои мубрам

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ НЕРӮИ БАРҚ – ОМИЛИ МУҲИМИ ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Имрӯз нерӯи барқ ҳамчун манбаи асосии рушди иқтисод, саноат, иҷтимоиёт ва сатҳи зиндагии мардум дар меҳвари сиёсати давлатдорӣ қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:
«Сокинон бояд истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқро, хусусан дар давраи тирамоҳу зимистон, хуб дарк намоянд.»
Дар замони истиқлолият бо талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат соҳаи энергетика марҳила ба марҳила рушд ёфта, иқтидори истеҳсолии кишвар баланд гардид. Агар соли 1991 ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ ҳамагӣ 17 миллиард киловатт-соатро ташкил медод, пас соли 2024 ин нишондиҳанда ба 22,4 миллиард киловатт-соат расид. Ин пешравӣ натиҷаи бунёди иншооти муҳими миллӣ, аз қабили НБО «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва оғози сохтмони НБО-и азими «Роғун» мебошад.
Бо ба истифода додани ду агрегати аввали НБО-и «Роғун» қадами устуворе дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ гузошта шуд. Бо амалӣ гардидани пурраи ин лоиҳаи бузург кишвар на танҳо аз мушкилоти таъмин бо нерӯи барқ раҳо мегардад, балки имкониятҳои содиротӣ ва саноатикунонии босуръат ба маротиб афзун хоҳанд шуд.
Ҳукумат баҳри беҳтар гардондани дастрасии аҳолӣ ба нерӯи барқ як қатор барномаҳои стратегии муҳим, аз ҷумла «Барномаи рушди соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2030»-ро амалӣ намуда истодааст. Аммо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ танҳо аз фаъолияти давлат вобаста набуда, аз сатҳи масъулиятшиносии ҳар сокини кишвар низ сахт вобаста аст.
Мутаассифона, то ҳол ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои истифодабарии нерӯи барқ, дахолати ғайриқонунӣ ба таҷҳизоти ҳисобкунак ва ҳатто худсарона гирифтан ё «дуздии барқ» ба назар мерасанд. Чунин амалҳо на танҳо ба шабакаҳои энергетикӣ зарар мерасонанд, балки ба таъминоти барқи дигар истифодабарандагон, рушди иқтисоди миллӣ ва амнияти энергетикӣ таъсири манфӣ мерасонанд.
Зимни вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ, ки бо ташаббуси Прокуратураи ноҳияи Айнӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар давоми соли 2025 баргузор гардиданд, сокинон оид ба қонунгузории амалкунанда пурра огоҳ гардиданд. Аз ҷумла ёдрас шуд, ки тибқи моддаи 253¹ Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, шахсоне, ки ба таҷҳизоти ҳисобкунаки барқ дахолати ғайриқонунӣ мекунанд ё барқро бидуни шартномаи расмӣ истифода мебаранд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Ҳадафи чунин мулоқотҳо пеш аз ҳама пешгирӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ мебошад, на ҷазо додан. Дар рафти суҳбатҳо намояндагони Прокуратура ва масъулони Ширкати «Барқи Тоҷик» ба саволу дархости сокинон ҷавобҳои муфассал доданд, тартиби бастани шартнома, истифодаи дурусти ҳисобкунак ва роҳҳои муроҷиат ҳангоми рух додани мушкилотро шарҳ доданд.
Аз сокинон даъват карда шуд, ки:
• нерӯи барқро сарфакорона истифода намоянд;
• маблағи истифодаи барқро сари вақт пардохт кунанд;
• дар ҳолати мушоҳида кардани истифодаи ғайриқонунӣ ба мақомоти дахлдор хабар диҳанд;
• ба баланд бардоштани фарҳанги истифодаи нерӯи барқ мусоидат намоянд.
Хулоса: Истифодаи самараноки нерӯи барқ барои ҳар як шаҳрванд на танҳо уҳдадорӣ, балки вазифаи ватандӯстона мебошад. Танҳо бо масъулияти умумӣ ва риояи қоидаҳои истифода мо метавонем дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ — яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ — саҳми арзандаи худро гузорем.
Мушовири адлияи дараҷаи 2, Саидҷамол Ҷалолзода,
Прокурори ноҳияи Айнӣ
Возможно, это изображение толпа

Leave a Reply

Back to top button