
Дар доираи таҳкими корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз як қатор иншооти сохташаванда боздид ба амал овард. Тибқи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти Олии кишвар ва бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, раванди сохтмони иншооти иҷтимоӣ, варзишӣ ва инфрасохторӣ дар ҳудуди ноҳия бо суръати баланд идома дорад.
Бо ташаббуси МИҲД-и ноҳия, бунёди майдончаҳои муосири варзишӣ дар ҷамоатҳои деҳот ва маркази ноҳия вусъати тоза гирифтааст. Ҳамасола дар ҳудуди ноҳия даҳҳо майдончаҳои варзишӣ, толорҳои бисёрсамтаи варзишӣ ва майдонҳои бозии кӯдакон сохта ба истифода дода мешаванд, ки ин раванд аз сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат мебошад, ки пайваста зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад.
Зери ҳидоятҳои ин марди бузург ва бо дастгирии МИҲД-и ноҳия, айни ҳол дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и мавзеи Дашти Хушекат сохтмони як майдончаи варзишии нав идома дорад. Лоиҳаи мазкур бо маблағгузории умумии 300 ҳазор сомонӣ ва бо ҳиссаи фаъолонаи сокинон ба тариқи ҳашар татбиқ мешавад. Иқдоми шаҳрвандон Рустам Раҳмонов ва Шоҳрух Ахмедов ҷиҳати дастгирӣ ва иҷрои корҳои сохтмонӣ намунаи олии ҳамбастагиву ҳамкорӣ дар рушди зериинфрасохтори деҳа мебошад.
Варзиш гарави саломатии тану ҷон буда, таъсиси чунин иншоот барои фароҳам овардани шароити мусоид ба ҷавонону наврасон аҳамияти махсус дорад.
Дар мактаби мазкур ҳамзамон 485 хонанда таҳсил намуда, 30 омӯзгор фаъолият доранд. Раиси ноҳия аз ҳолати раванди таълиму тарбия ва зимистонгузаронии муассиса дидан кард. Дар ҷараёни боздид Равшан Раҳимзода бо хонандагон ва омӯзгорон суҳбати озод анҷом дода, ба сифати таълим, омодагии омӯзгорон ва шароити мавҷуда баҳо дод.
Қайд гардид, ки таълиму тарбия дар муассиса дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, омӯзгорон барои баланд бардоштани сатҳи дониш, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худогоҳии хонандагон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Иловатан, роҳбарияти ноҳия ба масъулони соҳавӣ дастур дод, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таълимӣ, ҷиҳозонидани синфхонаҳо ва таъмини муассиса бо ангишти хушсифат чораҳои зарурӣ андешанд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 12









