
Ҳамамкасбони муҳтарам ва аҳли заҳматкашони соҳаи молия!
Боиси таъкид аст, ки ҳамасола 7-уми декабр дар кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи кормандони мақомоти молия дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Имрӯз рӯзи шумост — рӯзи онҳое, ки бо қалам ва ҳисоб, бо дониш ва ҷавобгарӣ, бо масъулияти бузург сулҳу субот ва рушди иқтисодии кишварро муҳофизат мекунанд.
Шумо он коргароне ҳастед, ки ҳар рақамро ба эътимод, ҳар ҳисобро ба масъулият ва ҳар қарорро ба манфиати мардум табдил медиҳед. Аз дақиқию тозафикрии шумо буҷет устувор мешавад, аз меҳнати шабонарӯзии шумо пешрафт тавсиф меёбад ва аз садоқати шумо эътимоди ҷомеа қавӣ мегардад.
Ба шумо саломатии бардавом, илҳоми созанда, пешрафти касбӣ ва рӯзгори пурсаодат орзу мекунам. Бигзор ҳар рӯзи нав барои шумо имкониятҳои тоза биёрад ва ҳар ҳисобе, ки мекунед, ба пешрафти хонаи худ, ҷойи кор ва Ватани азиз мусоидат намояд.
Ҳанӯз дар даврони Сомониён низоми молиявӣ ташкил ва рушд ёфта, дар даврони сулолаи ориёӣ низоми ташаккули идоракунии захираҳои молиявӣ ва усулҳои пешқадами муомилоти пулӣ амал мекарданд, ки вобаста ба замон аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ такмил ёфтанд. Дар даврони шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми молиявӣ ба сохти дигар ташкил ёфта, тӯли беш аз 70 сол рушд карда, мавриди истифода қарор гирифт.
Баъди таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон сохтори муташаккилу бонизоми молия ба фаъолият шурӯъ намуд. 7 декабри соли 1924 Комиссариати халқии молияи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо қарори Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт. 23 июни 1993 бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати молия ҳамчун сохтори алоҳида ба фаъолият пардохт.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат низоми идоракунии устувори молиявӣ ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди бозорӣ ташкил ва ташаккул ёфтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ташаккул ва рушди соҳаи молия ва нақши он дар тақвият пазируфтани буҷаи давлат таъкид кардаанд, ки “Дар натиҷаи татбиқи сиёсати самарабахши молияи давлатӣ, аз ҷумла дар самти таъмини суботи молиявӣ, такмили низоми андозбандӣ ва баланд бардоштани самаранокии идораи молияи давлатӣ ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мунтазам афзоиш ёфт”.
Дар ҳақиқат, саҳми кормандони мақомоти молия, дар омода намудан ва таъмини иҷрои буҷети давлатӣ, танзими истифодаи босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ ва идоракунии низоми молиявӣ беназир буда, онҳо вазифаи хизматиашонро сарбаландона иҷро мекунанд ва дар пешрафти хоҷагии халқ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар нақши бориз мегузоранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки мавқеи мақомоти молия ҳамчун яке аз сохторҳои муҳимтарини иқтисодиёти мамлакат пайваста густариш ёбад ва низоми молиявӣ ривоҷу равнақ дода шавад.
Боварии комил дорам, кормандони Раёсати молия дар ноҳия ва сохторҳои он муташаккилона фаъолият намуда, дар тақвият бахшидани нерӯи молиявӣ ва беҳдошти зиндагии сокини ноҳия бештар талош меварзанд.
Бо камоли эҳтиром ва сидқан Шуморо ба ин ҷашни пурифтихор табрик мегӯям!
Бигзор дар роҳи фаъолияти пурмасъулиятатон ҳамеша муваффақият ва баракати амалӣ, тасмимҳои дурусту оқилона, дастовардҳои арзанда ва иқболу рӯшноии зиндагӣ ҳамроҳ бошанд!
Рӯзи кормандони мақомоти молия муборак бошад!










