Хабарҳои руз

Дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба 31-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид

5 декабри соли 2025 дар толори маҷлисии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Мақсуд Шукуров бахшида ба 31–солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-уми декабр Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ботантана таҷлил мегардад, ки ин сана дар тақвими сиёсии кишвар ҷойгоҳи муҳимро доро буда, марҳилаи муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва ваҳдати ҷомеаро таҷассум менамояд.
Дар ҳамоиши тантанавӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Боқимуҳаммад Боқизода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода, роҳбарону фаъолони ҳизбӣ ва аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Чорабинӣ пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз ёфта, бо суханронии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Боқимуҳаммад Боқизода идома ёфт.
Сипас раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода суханронӣ намуда, аз нақши таърихии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Ӯ зикр кард, ки ҲХДТ ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз дар ҷаҳони пуртазод ва тағйирёбанда мавқеи устувори сиёсии худро нигоҳ дошта, бо ташаббусҳои созанда ва сиёсати оқилонаву дурбинона мардумро атрофи идеяҳои бунёдкоронаи давлатдории миллӣ муттаҳид месозад.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода низ баромад намуда, ҳизбиёнро бо ин санаи пуршараф табрик карда, оид ба дастовардҳои солҳои охири ҳизб, равандҳои сиёсиву иҷтимоии кишвар ва масъулияти шаҳрвандии ҳизбиён андеша баён намуд.
Дар идомаи ҳамоиш маросими тантанавии қадрдонӣ баргузор гардид. Тибқи қарори мақомоти болоии ҳизб, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода барои хизматҳои шоён дар иҷрои ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, фаъолияти созанда дар самти амалӣ намудани сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат ва тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ бо Медали ҷашнии “30-солагии ҲХДТ” сарфароз гардонида шуд.
Бо Қадрдонии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ як қатор кормандон ва фаъолони ҳизб, ки дар самти татбиқи Оиннома ва Барномаи ҳизб саҳми арзанда гузоштаанд, бо сипосномаҳо қадршиносӣ гардиданд. Ба шахсоне, ки ба ҳизб нав аъзо шуданд, ҳуҷҷатҳои аъзогӣ ва медалҳо супорида шуд.
Дар суханрониҳо таъкид гардид, ки ҲХДТ ҳамчун нерӯи асосии сиёсӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, посдории истиқлолият, тарғиби худшиносии миллӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои созанда ва пешгирии падидаҳои ифротгароӣ нақши муассир дорад. Иброз шуд, ки фаъолияти ҳизбӣ дар ноҳия дар самтҳои кор бо ҷавонон, тарғиби сиёсати давлатӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ, ҷалби бонувон ба раванди ҷомеа ва дастгирии табақаҳои ниёзманд сол аз сол пурмазмунтар мегардад.
Зикр шуд, ки бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, барои пешгирӣ аз таъсири равияҳои ифротию экстремистӣ масъулияти ҳар як узви ҳизб, падару модарон, аҳли зиё ва сохторҳои дахлдор боз ҳам бештар мегардад.
Дар анҷоми чорабинӣ барномаи пурмазмуни консертӣ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.
Маросим дар фазои созандагӣ, ҳамбастагӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба анҷом расид.
Хадамотии матбуоти
Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 53

Leave a Reply

Back to top button