
Ҳамсафони азиз!
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ бо диду назари нав ба саҳнаи сиёсат омад ва дар муддати начандон тӯлонӣ дар ҷомеа нуфузу ҷойгоҳи арзандаро соҳиб гашта, аз оғози таъсисёбии худ то имрӯз дар пешрафти кишвари азизамон нақши сазовор гузошта истодааст.
Имрӯз мо бо эҳсоси баланди ватандорӣ ва дар рӯҳияи созандагӣ Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро таҷлил менамоем, ки ин сана дар таърихи давлатдории миллӣ ва рушди ҷомеаи муосири мо мавқеи хосса дорад. Ин сана ба миллати тоҷик бо рӯҳияи созандагӣ, роҳи суботбахш ва сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвандӣ дорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзи таъсисёбиаш то ба имрӯз ҳамчун нерӯи асосии сиёсӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи суботи ҷомеа, пешрафти иқтисод ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши калидӣ бозида истодааст. Сиёсати ҳизб ба консепсияи рушди устувор, татбиқи ғояҳои ваҳдат, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ такя мекунад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври шоиста муаррифӣ намояд.
Бояд ошкоро гуфт, ки роҳи паймудаи он ҳамвор набуд, балки шебу фарози зиёде дошт. Ҳизби мо аз як гурӯҳи хурди ҳаммаслакон имрӯз ба як ҳизби муосир, ба нерӯи пешсафу пешбар ва ташаббускору созанда табдил ёфтааст.
Бинобар ин, ҳамаи ҳозирин, кулли аъзо ва ҷонибдоронамонро ба ифтихори санаи муборак рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Ҳизби мо ба сифати нерӯи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад.
Амалияи кори ҳизбӣ нишон медиҳад, ки шумораи хоҳишмандони дохилшавӣ ба сафи ҳизб торафт афзуда истодааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоиро ҳамчун ҳадафи асосӣ пеш гирифт.
Амалӣ шудани ин ҳадафи барномавии ҳизбро мо дар иқдомоти ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинем. Сохтмони мактабу шифохонаҳо, роҳу нерӯгоҳҳо ва дигар иншооти инфрасохторӣ, дар муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ ва дар амри дастгирии пайвастаи табақаҳои камбизоати аҳолӣ – ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмонда ва оилаҳои камбизоатро маҳз дар сиёсатҳои пешгиррифтаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинем.
Ҳамсафони азиз!
20 –уми апрели соли 2011 дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи «Нақши ҷавонон дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масъулияти онҳо дар устувор гардонидани мавқеъ ва нуфузи ҳизб» ба таври васеъ баррасӣ гардида, бо дарназардошти он, ки имрӯз дар кишвари мо ҷавонон ба ҳайси як нерӯи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа эътироф гардидаанд, Ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд, ки аллакай дар байни насли ҷавон мавқеи сазовори худро пайдо кардааст.
Чунонки дар Оиннома ва қарорҳои Анҷумани ҳизб, инчунин дар санадҳои меъёрии қабулкардаи маҷлисҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократӣ зикр шудааст, кумитаи иҷроияи ҳизбӣ бояд бо вакилон робитаи доимӣ дошта бошанд ва соле як маротиба ҳисоботи онҳоро шунаванд.
Масулинро месазад, ки корро дар самти солим нигоҳ доштани фазои сиёсиву иҷтимоӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пурзӯр намоянд, то ки паҳншавии таъсири равияҳои гуногуни иртиҷоӣ ва ифротӣ пешгирӣ карда шавад.
Дар ин раванд бояд ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва назари воқеӣ ба рӯйдодҳои ҷомеаи кишвар ва ҷаҳон меҳвари асосии фаъолияти ҳизбиёнро ташкил диҳад.
Яке аз самтҳои муҳимму муассири кори ҳизбӣ аз он иборат аст, ки фаъолони ҳизб ва умуман ташкилотҳои ҳамаи зинаҳои ҳизбӣ бояд дастовардҳои солҳои охири мамлакат ва моҳияти сиёсати пешгирифтаи давлату миллатро ба оммаи васеи мардум фаҳмонида тавонанд.
Дар робита ба масъалаи қабули аъзои нав ба сафи ҳизб ба масъулини ҳизб бори дигар таъкид месозам, ки набояд танҳо аз пайи шумора рафт, баръакс бештар ба сифатҳои шахсии аъзои ҳизб эътибор дода, пеш аз ҳама, хоҳишмандон ва шахсонеро ба сафи ҳизб ҷалб бояд кард, ки маърифату маънавиёти баланд дошта бошанд ва ғояҳои созандаи ҳизбро содиқона ҷонибдорӣ намоянд.
Дар марҳалаи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ истифодаи самараноки нерӯи созандаи занон яке аз омилҳои муҳимми таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, суботи сиёсӣ ва болоравии сатҳи худшиносиву худогоҳии мардум мебошад.
Гузашта аз ин, таваҷҷуҳи доимӣ ба ҳалли масоили занон ва ташаккули чеҳраи сиёсии онҳо яке аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизбии мост.
Дар ноҳияи Айнӣ фаъолияти созандаву мақсадноки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сол то сол пурмазмунтар гардида истодааст. Бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳия корҳои зиёди сиёсиву тарбиявӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ободонӣ ва дастгирии табақаҳои ниёзманд амалӣ гардида истодаанд. Маъракаҳои тарғиботӣ, мулоқоту вохӯриҳо, семинарҳои омӯзишӣ ва барномаҳои иҷтимоии ҳизбии мо имрӯз ба баланд шудани завқи маърифатии мардум ва таҳкими тафаккури миллӣ мусоидат мекунанд.
Баробари ин, таваҷҷуҳи ҳизб ба ҷавонон ва занону бонувон густариш меёбад. Ташкили курсҳои омӯзишӣ дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия, баланд бардоштани малакаҳои соҳибкорӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим намунаи равшани иҷрои барномаи ҳизбӣ дар сатҳи маҳаллӣ мебошад. Мо ифтихор дорем, ки имрӯз ҷавонони фаъоли ноҳия дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мавқеи устувор дошта, ҳамчун нерӯи пешбаранда дар татбиқи барномаҳои рушд, ташаббусҳои ҷамъиятӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа фаъолона ширкат меварзанд.
Тадбирҳои ҳизб дар ин бобат бояд ба ташаккули ҷаҳонбинии муосир, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳимояи манфиатҳои занон, воридшавии онҳо ба раванди муносибатҳои нави ҷомеа ва дастгирии ташаббусҳои созандаи занон равона карда мешавад.
Тавре ки ёд доред, аз аввали соли равон кулли аъзои ҳизб дар ҷараёни омодагӣ ба маъракаи муҳимми сиёсӣ — интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор доштанд.
Барои дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ ва тибқи меъёрҳои демократӣ озоду шаффоф гузаронидани он кумитаи иҷроияи ҳизбӣ омодагии ҳаматарафа дид.
Ин маъракаи сиёсӣ далели возеҳи он аст, ки меъёрҳои демократӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия пазируфта шуда, имкон медиҳанд, ки мардум ҳарчи бештар дар корҳои давлатдорӣ фаъолона иштирок намоянд.
Тоҷикистони азизи мо ҳоло ба сӯи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дилпурона пеш меравад ва дар ҷодаи бунёдкориву созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, сарҷамъиву ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа рӯз ба рӯз густариш ёфта, ба шарофати ин раванди нек сатҳи зиндагии мардум торафт баланд мегардад.
Воқеан, истиқлол ҳамон вақт маъниву моҳияти ҳақиқӣ пайдо мекунад, ки ҳар фарди ҷомеа, аз ҷумла аъзои ҳамаи аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла ҳар як узви ҳизби мо ба қадри он расанд ва ин неъмати муқаддасу бебаҳоро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намоянд ва таҳким бахшанд.
Барои ин зарур аст, ки раиси комиҷроияи ноҳия, масъулони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолон ва ҳар як узви ҳизб бо дарназардошти вазъи ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза амал карда, ҳамчун нерӯи пешбари ҷомеа мардумро ба ободониву созандагии Ватан, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва ҳифзу таҳкими бузургтарин дастовардҳои таърихи навини халқамон – истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ раҳнамоиву сафарбар намоянд.
Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлол ва осудагиву ваҳдат расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки танҳо ба туфайли онҳо мо метавонем давлати воқеан муқтадиру тавоноро бунёд кунем.
Дар баробари ин, махсус таъкид месозам, ки мо наметавонем нисбат ба равандҳои имрӯзаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон бетараф бошем.
Зеро бар асари таъсиру пуштибонии доираҳои муайян дар баъзе манотиқи ҷаҳон нерӯҳое сар бардошта, фаъолона амал карда истодаанд, ки барои ҷомеаи ҷаҳон оқибатҳои фоҷиабор доранд.
Имрӯз мо шоҳиди густариши бесобиқаи фаъолияти ҳаракату равияҳои экстремистӣ ва ифротгароии динӣ мебошем.
Бинобар ин, на танҳо сохтору мақомоти дахлдор, балки падару модарон, аҳли зиё, инчунин ташкилотҳои ҳизбии мо низ вазифадоранд, ки дар ин самт, хусусан доир ба пешгирӣ кардани ифротгароии зӯроварона ва радикализми ба терроризм баранда корҳои таблиғотиро вусъат бахшанд ва ҷавонони раҳгумзадаро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳанд.
Ташкилоти ҳизбиро зарур аст, ки робитаҳои худро бо аъзои ҳизб, ки ба сифати муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои дигар қарор доранд, ҳарчи бештар қавӣ гардонанд.
Зеро ҷавонон бештар аз байни онҳо ба узвияти ҳаракату равияҳои экстремистиву ифротгаро, аз ҷумла барои ҷангҳои давлатҳои хориҷ ҷалб карда мешаванд.
Мо минбаъд низ бояд талош намоем, ки зиёдаравӣ накарда, усулҳои наву муосири рақобати солим ва муборизаро дар маъракаҳои сиёсӣ аз кишварҳои демокративу мутараққии ҷаҳон омӯзем ва дар фаъолияти ҳизбиву сиёсии худ истифода барем.
Ба ҳамаатон дар роҳи пурифтихори созандагӣ, ободии Ватани азизамон – Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол пирӯзиву сарбаландӣ орзу менамоям!
Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамсафони азиз!










