Хабарҳои руз

БОҒИ “БАРАКАТ” БО ОБИ ПОЛЕЗӢ ТАЪМИН МЕШАВАД

Дар ноҳияи Айнӣ ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки замин, тадбирҳои созандагӣ дар самти бунёди боғҳои нав ва таъмини онҳо бо оби полезӣ идома доранд. Дар ин замина, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз раванди кашонидани оби полезӣ ба боғи навбунёд боздид ба амал овард.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи лоиҳаҳои рушди соҳа, дар майдони 156 гектар ҷорӣ намудани низоми обёрии қатрагӣ ва бунёди ду ҳавзи бузурги захиравии об амалӣ гардида, ҳамзамон кашидани хатти оби полезӣ ба масофаи 9 километр бо истифода аз техникаи муосир идома дорад. Интизор меравад, ки корҳои мазкур то ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба анҷом расонида шаванд.
Дар мавзеи “Дашти Боло”-и деҳаи Похути Ҷамоати деҳоти Рарз дар майдони 100 гектар боғи нав бунёд гардида, дар он зиёда аз 63 ҳазор бех ниҳол, аз ҷумла себ, зардолу, олуча, хуч ва акатсия шинонида мешавад. Ин иқдом ба беҳдошти вазъи экологӣ ва ғанигардонии муҳити зист мусоидат намуда, бо ҳавои тоза таъмин гардидани минтақа замина мегузорад.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва дар доираи Лоиҳаи “Барқарорсозии устувори ландшафтҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 100 гектар замини боғи нав ба сокинони деҳаҳои Похут, Сайрон ва Фатмовут тақсим гардида, зиёда аз 695 хоҷагӣ бо замин ва ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Ҳамчунин, дар доираи корҳои ободонӣ ва бо иштироки фаъоли сокинон маъракаҳои ниҳолшинонӣ баргузор гардида, ба боғи навбунёд номи “Баракат” гузошта шуд. Таъкид гардид, ки чунин корҳои созандагӣ натиҷаи сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ояндаи наздик боз дар майдони 56 гектар дигар бунёди боғҳо дар доираи лоиҳаи мазкур ба нақша гирифта шудааст, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 7

Leave a Reply

Back to top button