
Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ба деҳаи Шаватки Болои Ҷамоати деҳоти Рарз сафари корӣ анҷом дода, бо раванди корҳои сохтмонӣ ва таъмиру таҷдиди иншооти иҷтимоӣ аз наздик шинос гардид.
Зимни боздид, нахуст Раиси ноҳия аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 дидан намуда, бо ҷараёни бунёди майдонча ва толори варзишӣ, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия амалӣ гардида истодааст, ошно шуд. Қайд гардид, ки иншооти мазкур бахшида ба ҷашни умумимиллӣ бунёд шуда, дар баланд бардоштани сатҳи тарбияи ҷисмонии хонандагон ва рушди варзиш мусоидат менамояд. Ҳамзамон, муассисаи таълимӣ пурра таъмир гардида, ба талаботи муосир мутобиқ карда мешавад.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар деҳа аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар бинои кӯҳнаи муассисаи мазкур муассисаи томактабӣ таъмир гардида, дар наздиктарин фурсат барои истифода мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Ин иқдом ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбия ва таълими кӯдакони синни томактабӣ аҳамияти муҳим дорад.
Дар идомаи сафар, Раиси ноҳия бо омӯзгорон ва хонандагони муассиса мулоқоти самимӣ анҷом дода, сатҳи дониши хонандагонро санҷида, ба онҳо баҳои баланд дод. Мавсуф таъкид намуд, ки хонандагони синфҳои хатмкунанда бояд бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида, ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил гардида, таҳсилро идома диҳанд. Зикр гардид, ки ояндаи давлату миллат ба донишу малакаи насли ҷавон вобастагӣ дошта, аз ин лиҳоз, ҷавонон бояд донишҳои замонавиро аз худ намоянд ва дар рушди минбаъдаи кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Ҳамчунин, дар доираи сафари корӣ Раиси ноҳия аз фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва тандурустии деҳа боздид ба амал оварда, бо шароити кории онҳо аз наздик шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, клубу китобхона, беморхонаи минтақавии №5 ва хонаи саломатии деҳа пурра таъмиру навсозӣ мегарданд.
Раиси ноҳия ба масъулини соҳаи сохтмон ва дигар сохторҳои марбута дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки ҳамаи корҳои сохтмонӣ ва таъмиру таҷдид бояд бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муқарраршуда анҷом дода шаванд, то иншооти иҷтимоӣ дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сатҳи баланди омодагӣ мавриди истифода қарор гиранд.
Зимни мулоқот бо сокинони деҳа, Равшан Раҳимзода дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба самъи онҳо расонида, сокинонро ба саҳмгузории фаъолона дар корҳои ободонӣ, таъмиру таҷдиди манзилҳои истиқоматӣ, беҳтарсозии роҳҳои мошингард ва пиёдагард, инчунин таъмини дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва оби полезӣ даъват намуд.
Дар маҷмӯъ, сафари кории Раиси ноҳияи Айнӣ ба деҳаи Шаватки Боло дар руҳияи созандагиву бунёдкорӣ сурат гирифта, барои вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва омодагии шоиста ба ҷашни бузурги миллӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 29









