Хабарҳои руз

РАФТИ КОРҲОИ КИШТУКОРИ БАҲОРӢ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ ТАҲТИ НАЗОРАТИ ҶИДДӢ ҚАРОР ДОРАД

Дар ноҳияи Айнӣ корҳои киштукори баҳорӣ бо суръати баланд идома дошта, кишоварзон баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ ва иҷрои нақшаҳои пешбинишуда фаъолияти густурда доранд. Айни ҳол дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ корҳои ҷуфт намудани заминҳо, омодасозии майдонҳо ва гузаронидани тадбирҳои агротехникӣ бо маром ҷараён доранд.
Яке аз самтҳои муҳими мавсими имсола шикастани алафи беда ва дар заминаи он роҳандозии кишти васеъи картошка ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти талаботи бозор ва афзоиши эҳтиёҷоти аҳолӣ, дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия нақшаи кишти картошка нисбат ба солҳои қаблӣ 50 фоиз зиёд карда шудааст.
Дар баробари омодасозии заминҳо, айни ҳол дар қитъаҳои алоҳида корҳои шинонидани картошка оғоз гардида, кишоварзон кӯшиш доранд, ки киштро дар муҳлатҳои агротехникии муқарраргардида ба анҷом расонанд. Барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ аз тухмиҳои хушсифат ва усулҳои муосири кишоварзӣ истифода бурда мешавад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ аз хоҷагиҳои деҳқонӣ боздид ба амал овард. Зимни боздид ба масъулини соҳаи кишоварзӣ ва роҳбарони хоҷагиҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки корҳои ҷуфти заминҳо бояд сари вақт ва бо сифати баланд анҷом дода шаванд, ҳангоми кишти картошка талаботи агротехникӣ қатъиян риоя гардад, истифодаи тухмиҳои серҳосил ва мутобиқ ба шароити иқлимӣ таъмин карда шавад, захира ва истифодаи самараноки оби полезӣ ба роҳ монда шавад, техникаи кишоварзӣ самаранок истифода бурда шуда, аз бекористии он пешгирӣ карда шавад.
Раиси ноҳия ҳамзамон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба масъулин расонида, зикр намуд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ, махсусан истеҳсоли картошка, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати аграрии давлат ба ҳисоб меравад.
Қайд гардид, ки афзоиши ҳаҷми кишти картошка дар ноҳия на танҳо барои таъмини бозори дохилӣ, балки барои ғанӣ гардонидани захираҳои озуқаворӣ ва паст намудани вобастагӣ аз воридоти маҳсулот аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамчунин, ба масъулин супориш дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ бо кишоварзон пурзӯр гардида, онҳо ба истифодаи усулҳои муосири кишту парвариш, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва нигоҳубини дурусти зироатҳо ҷалб карда шаванд.
Зимни суҳбат бо деҳқонон Раиси ноҳия аз заҳмати онҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки танҳо бо меҳнати содиқона ва истифодаи самараноки замин метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар маҷмӯъ, корҳои киштукори баҳорӣ дар ноҳияи Айнӣ муташаккилона ҷараён дошта, кишоварзон ният доранд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва иҷрои саривақтии тадбирҳои агротехникӣ ҳосили фаровон ба даст оранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ минбаъд низ ҷиҳати дастгирии кишоварзон, рушди соҳаи аграрӣ ва таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад намуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 6

Leave a Reply

Back to top button