Хабарҳои руз

ТАЪМИРУ ТАҶДИДИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ НОҲИЯВИИ АЙНӢ БО СУРЪАТ ИДОМА ДОРАД

Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз ҷараёни корҳои таъмиру таҷдиди Беморхонаи марказии ноҳиявӣ, ки дар маркази ноҳия ҷойгир аст, боздид ба амал овард.
Бояд гуфт, ки бинои беморхонаи мазкур аз соли 1989 инҷониб таъмири асосӣ надида, ба таҷдиди куллӣ ниёз дошт. Бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ айни ҳол корҳои таъмири пурра бо маром идома дошта, бино тадриҷан ба шакли замонавӣ дароварда мешавад.
Беморхона аз се ошёна иборат буда, пас аз анҷоми корҳои таъмиру таҷдид ва муҷаҳҳаз гардидан бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, он ба яке аз беҳтарин муассисаҳои тандурустии ноҳия табдил хоҳад ёфт. Айни ҳол корҳои кандану омодасозӣ, инчунин васлкунии системаҳои муҳими инфрасохторӣ, аз ҷумла обтаъминкунӣ ва барқ, босуръат идома доранд.
Корҳои сохтмонӣ ва таъмириро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анас-Муосир» ба уҳда дошта, роҳбарияти ноҳия ба сифати иҷрои корҳои анҷомёбанда диққати махсус зоҳир менамояд. Раиси ноҳия зимни боздид ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид кард, ки тамоми корҳои таъмиру таҷдид бояд бо сифати баланд, мутобиқ ба талаботи муосир ва стандартҳои сохтмонӣ анҷом дода шаванд.
Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки:
* намои зоҳирии бино пурра навсозӣ гардида, ба талаботи меъмории муосир ҷавобгӯ бошад;
* системаҳои обтаъминкунӣ, барқрасонӣ ва гармидиҳӣ пурра иваз ва нав карда шаванд;
* дохили бино бо тарҳи замонавӣ таъмир гардида, барои фаъолияти самараноки кормандон шароити мусоид фароҳам оварда шавад;
* барои беморон ва ташрифоварандагон ҷойҳои нишаст, толорҳои интизорӣ ва шароити бароҳат муҳайё карда шаванд.
Ҳамзамон, Раиси ноҳия дастур дод, ки шумораи катҳо дар ҳамаи шуъбаҳо ва бахшҳои беморхона зиёд карда шуда, бахшҳои муҳим, аз ҷумла ҳуҷраҳои муосири лабораторӣ, физиотерапия, толори машқҳои ҷисмонӣ (реабилитатсионӣ) ва дигар инфрасохтори зарурӣ таъсис ва муҷаҳҳаз гардонида шаванд.
Таъкид гардид, ки дар раванди сохтмон бояд танҳо аз масолеҳи босифат истифода бурда шуда, корҳои таъмиру таҷдид дар муҳлати муқарраргардида, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шаванд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода изҳор дошт, ки ин беморхона бояд ба яке аз беҳтарин муассисаҳои тиббии замонавии ноҳия мубаддал гардад. Мо тамоми чораҳоро меандешем, то он бо таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ таъмин гардида, барои ҷалби мутахассисони баландихтисос шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҷиҳати пурра муҷаҳҳаз намудани беморхона бо таҷҳизоти замонавӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои ташхисиву табобатӣ, катҳои муосири тиббӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ тадбирҳои мушаххас меандешад.
Дар ҷараёни боздид ҳамчунин таъкид гардид, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва беҳтар намудани шароити муассисаҳои тиббӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 23

Leave a Reply

Back to top button