Хабарҳои руз

Шанбегии умумиҷамъиятӣ дар ноҳияи Айнӣ: қадами навбатӣ дар ҳифзи муҳити зист

Дар доираи сиёсати ободониву тозагии муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ шанбегии умумиҷамъиятӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Ин иқдоми муҳим ҳудуди васеъро дар бар гирифта, аз нақби «Истиқлол» то ағбаи Шаҳристон ва аз сарҳади ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ то шаҳри Панҷакентро фаро гирифт.
Дар раванди шанбегӣ кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинони маҳаллӣ, ҷавонон ва фаъолон иштирок намуда, дар тоза намудани роҳҳо, канораҳои шоҳроҳ, маҳалҳои аҳолинишин ва ҷойҳои ҷамъиятӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд. Хусусан, таваҷҷуҳи махсус ба тоза нигоҳ доштани масирҳои муҳими нақлиётӣ дода шуд, зеро ин роҳҳо ҳамарӯза аз ҷониби садҳо мусофирону ронандагон истифода мегарданд.
Мақсади асосии чунин иқдомҳо пеш аз ҳама ҳифзи муҳити зист, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва ташаккули фарҳанги баланди муносибат бо табиат мебошад. Тозагии муҳит на танҳо ба саломатии инсон таъсири мусбат мерасонад, балки симои зебои минтақа ва ҷалби сайёҳонро низ таъмин мекунад.
Дар баробари ин, аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус мусофирон, бо эҳтиром муроҷиат карда мешавад, ки ҳангоми сафар аз як минтақа ба минтақаи дигар қоидаҳои тозагиро риоя намоянд. Партофтани партовҳо дар ҷойҳои муқарраршуда ва эҳтиром ба табиат омили муҳими нигоҳдории муҳити солим мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ таъкид менамояд, ки баргузории чунин шанбегиҳо дар давоми сол мунтазам идома ёфта, ҷиҳати ободонӣ ва тозагии муҳити зист тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Зеро ҳар як сокин ва шаҳрванд дар назди табиат масъул буда, саҳм гузоштан дар тозагии муҳит вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 60

Leave a Reply

Back to top button