
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз рафти сохтмони маҷмааи варзишӣ дар шаҳраки Ревад боздид намуд. Таъкид гардид, ки бунёди чунин иншоот барои рушди варзиш, ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамчунин, зимни боздид аз корҳои таъмиру таҷдиди қубури обтаъминкунӣ дар мавзеи Дашти Искодар зикр шуд, ки татбиқи ин лоиҳа барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ мусоидат менамояд.
Ба масъулин дастур дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ ва таъмир бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муқарраргардида ба анҷом расонида шаванд, то сокинон ҳарчи зудтар аз натиҷаи онҳо баҳра бардоранд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 9










