
Дар ноҳияи Айнӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи давлат корҳои сохтмонӣ ва беҳтарсозии шароити муассисаҳои таълимӣ идома доранд. Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода аз рафти сохтмони ошхонаи МТМУ №54 ва муассисаи нави таълимӣ дар мавзеи “Шахи Сиёҳ”-и Ҷамоати деҳоти Урметан боздид намуд.
Қайд гардид, ки фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил барои хонандагон яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Дар назди МТМУ №54 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми сокинон сохтмони ошхона идома дошта, он ба беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия мусоидат мекунад.
Ҳамзамон, дар мавзеи “Шахи Сиёҳ”-и деҳаи Ревади поён сохтмони муассисаи нави таълимӣ идома дошта, он барои 320 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Муассиса дорои синфхонаҳои муосир, озмоишгоҳҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ хоҳад буд.
Зикр гардид, ки таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва тарбияи насли босавод заминаи мусоид фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 11










