
Бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар деҳаи Вота ду нуқтаи муҳими оби полезӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки ин иқдом дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти калон дорад.
Нуқтаи аввалини оби полезӣ дар доираи татбиқи барномаҳои обёрӣ, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва саҳми фаъолонаи сокинон, дар наздикии дарёи Зарафшон бунёд гардидааст. Дар ин мавзеъ ду ҳавзи амудии бузург сохта шуда, имкон фароҳам овардааст, ки зиёда аз 200 гектар заминҳои кишоварзӣ бо об таъмин карда шаванд. Иншооти мазкур замина фароҳам меорад, ки заминҳои нав азхуд гардида, гардиши кишоварзӣ васеъ ва рушди устувори соҳа таъмин гардад.
Ҳамзамон, об тавассути таҷҳизоти гидротаран ба заминҳои наздикӯҳӣ низ бардошта мешавад. Гидротаран як дастгоҳи гидравликӣ мебошад, ки бидуни истифодаи нерӯи барқ ё сӯзишворӣ, танҳо бо қувваи фишори табиии об (энергияи ҷараёни об) кор мекунад. Принсипи кори он ба зарбаи гидравликӣ (водяной удар) асос ёфта, қисми ками обро ба баландии бештар мебардорад. Ин усул махсусан барои минтақаҳои кӯҳӣ хеле мувофиқ буда, имкон медиҳад об ба заминҳои баландобрасонӣ душвор бе хароҷоти зиёд интиқол дода шавад. Бо истифода аз чунин таҷҳизот, сокинони ноҳияи Айнӣ тавониста истодаанд заминҳои навро обёрӣ намуда, барои бунёди боғҳои нав замина фароҳам оваранд.
Раиси ноҳия зимни шиносоӣ бо фаъолияти гидротаран тавсия дод, ки истифодаи чунин технологияҳои камхарҷ ва самаранок дар дигар мавзеъҳо низ васеъ ба роҳ монда шавад.
Татбиқи чунин лоиҳаҳо ба беҳтар гардидани шароити иҷтимоии сокинон, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, афзоиши даромади аҳолӣ ва баланд бардоштани имконияти содироти маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамояд. Имрӯз сокинон бо дарки масъулият ба истифодаи самараноки замин ва неъматҳои табиӣ рӯ оварда, барои бунёди боғҳо ва азхудкунии заминҳои нав талоши бештар доранд.
Нуқтаи дуюми оби полезӣ низ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва саҳми сокини фаъоли деҳа Мирзобедил Маизов амалӣ гардид. Ин хатти обёрӣ бо дарозии 824 метр аз соҳили дарёи Зарафшон кашида шуда, зиёда аз 20 гектар заминҳои бекорхобидаи мавзеи Пушти Талро бо об таъмин намуд.
Қобили зикр аст, ки Мирзобедил Маизов дар тирамоҳи соли 2025 аз 10 гектар замини лалмӣ 2250 банд беда ҷамъоварӣ намуда, аз 10 гектари дигар 14 тонна ҷав ба даст овардааст. Ҳамчунин, аз 1,5 килограмм тухми нахӯд 96 килограмм ҳосил гирифтааст, ки нишондиҳандаи баланди истифодаи самараноки замин мебошад.
Инчунин, чанд сол қабл ӯ дар масоҳати 1 гектар боғ бунёд намуда, тавассути кашидани об аз масофаи 4 километр бо қубурҳои пластикӣ онро обёрӣ кардааст. Имрӯз ин боғ ба ҳосил даромада, дарахтони мутобиқ ба иқлими водии Зарафшон ҳосили фаровон медиҳанд. Дар нақша дорад, ки соли 2027 дар масоҳати 1 гектар заминҳои наздикӯҳӣ боғи писта бунёд намояд. Ҳамзамон, ният дорад дар назди хоҷагии деҳқонии худ фермаи чорводорӣ таъсис диҳад.
Раиси ноҳия зимни баромади худ дар Наврӯзгоҳи навбунёд таъкид намуд, ки сокинони меҳнатдӯсти ноҳия аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, барои истифодаи самараноки замин, рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ тамоми имкониятҳоро сафарбар менамоянд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки тибқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025, соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст. Ин иқдом ҳар як сокини кишварро ба муттаҳидӣ, меҳнати софдилона ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан раҳнамун месозад.
Ҳамзамон, Раиси ноҳияи Айнӣ дар маъракаи кишти картошка дар хоҷагии деҳқонии Мирзобедил ширкат варзида, ба рамзи оғози мавсими кишт тухми аввалро дар ин замини навобёришуда зери хок намуд.
Дар зимн як қатор саҳмгузорандагони фаъол, ки дар обёрии заминҳои нав ва татбиқи лоиҳаҳои мазкур ҳиссаи арзанда гузоштаанд, бо Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ сарфароз гардонида шуданд
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 51










