
Дар ноҳияи Айнӣ ҷиҳати шиносоӣ аз раванди корҳои ободониву созандагӣ ва баррасии масъалаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода аз деҳаи Петеи Ҷамоати деҳоти Фондарё боздид ба амал овард.
Зимни сафари корӣ иттилоъ дода шуд, ки дар деҳа бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмони майдончаи варзишӣ ҷараён дошта, он барои рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба машғулиятҳои ҷисмонӣ мусоидат хоҳад кард.
Раиси ноҳия зимни боздид бо сокинони деҳа мулоқот анҷом дода, ба онҳо муҳтавои дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дод. Таъкид гардид, ки ҳар як сокин бояд дар ободии маҳалли зист, истифодаи самараноки замин ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ саҳмгузор бошад.
Ҳамзамон маълум гардид, ки дар деҳа зиёда аз 2 гектар замин барои кишти картошка омода гардидааст, аммо масъалаи норасоии оби полезӣ сокинонро ба ташвиш овардааст. Бо мақсади ҳалли ин мушкилот, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз назди дарёи Зарафшон тавассути пойгоҳи обкашии хурд об бароварда шуда, барои обёрии заминҳои кишоварзӣ равона мегардад.
Зимни суҳбат Равшан Раҳимзода ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои об, сари вақт ба роҳ мондани киштукор ва вусъат додани майдони кишоварзӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамчунин, таъкид шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда метавон ҳосилнокиро баланд бардошта, таъмини бозори дохилиро бо маҳсулоти ватанӣ беҳтар намуд.
Раиси ноҳия изҳор дошт, ки бо саъю талоши сокинон ва дастгирии давлат корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаи Пете вусъат ёфта, барои беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 7










