
Дар ноҳияи Айнӣ ҷиҳати рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳату фароғати сокинон, дар шаҳраки Сарводаи Ҷамоати шаҳраки Зарафшон сохтмони Боғи фарҳангӣ-фароғатии Исмоили Сомонӣ оғоз гардид.
Ба ин муносибат Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода аз маҳалли корҳои сохтмонӣ боздид ба амал оварда, бо рафти иҷрои корҳои бунёдкорӣ шинос шуд. Зимни боздид раиси ноҳия бо сохтмончиён ва масъулони соҳа суҳбат ороста, ба онҳо ҷиҳати иҷрои босифату саривақтии корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Қайд гардид, ки бунёди чунин боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа, ташаккули завқи зебоипарастии шаҳрвандон ва фароҳам овардани ҷойҳои муносиби истироҳат барои сокинон, махсусан ҷавонон, аҳамияти муҳим дорад. Иншооти мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашнҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида истодааст.
Бунёди боғи фарҳангӣ-фароғатии Исмоили Сомониро ҶДММ “Анас-Муосир” ба уҳда гирифта, то ҷашни умумимиллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад.
Зимни суҳбат Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки ҳангоми бунёди боғ бояд ба масъалаҳои кабудизоркунӣ, шинонидани дарахтони сояафкану ороишӣ, бунёди роҳравҳои замонавӣ, насби чароғҳои равшанидиҳанда ва фароҳам овардани дигар шароити муосири фароғатӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Ҳамзамон, ба масъулон дастур дода шуд, ки аз масолеҳи босифат истифода бурда, сифати корҳои сохтмонӣ ва риояи талаботи меъморию шаҳрсозиро таъмин намоянд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки чунин иқдомҳо дар партави сиёсати созандаи Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба ободу зебо гардидани маҳал, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстии сокинон мусоидат менамоянд.
Ҳамчунин, Раиси ноҳия иброз дошт, ки бо саъю талоши якҷояи мақомоти давлатӣ ва сокинони меҳнатдӯст, корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Айнӣ минбаъд низ густариш ёфта, барои рушди устувори ноҳия заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 6










