Хабарҳои руз

Идомаи корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Айнӣ

Дар ноҳияи Айнӣ корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дошта, дар ин замина раиси ноҳия Равшан Раҳимзода бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни сохтмонҳо ва баррасии масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ аз як қатор иншооти муҳим боздид ба амал овард.
Зимни сафари корӣ нахуст раиси ноҳия аз рафти корҳои бунёдкорӣ дар деҳаи Такфони Ҷамоати деҳоти Анзоб дидан намуда, бо ҷараёни сохтмони беморхонаи минтақавӣ барои 21 кат шинос гардид. Иншооти мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми корхонаҳои саноатӣ бунёд шуда, ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ равона гардидааст. Ҳамзамон, дар деҳа сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ҷойи мактаби кӯҳна ва бунёди Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 идома дорад.
Қайд гардид, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 пурра таъмиру таҷдид гардида, бо шароити муосири таълимӣ мутобиқ карда мешавад. Дар рафти боздид Равшан Раҳимзода бо сохтмончиён ва сокинон суҳбат намуда, ба масъулон ҷиҳати истифодаи масолеҳи босифат, риояи талаботи техникӣ ва дар муҳлатҳои муайян ба анҷом расонидани корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Сипас, раиси ноҳия аз корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳраки Зарафшон-2 низ боздид намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин маҳал сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар назди МТМУ №37, кӯдакистон, майдончаи варзишӣ ва Майдони Парчами давлатӣ идома дошта, корҳои мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва корхонаҳои саноатӣ амалӣ мегарданд.
Зимни мулоқот бо масъулон таъкид гардид, ки ҳамаи ин тадбирҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави дастуру ҳидоятҳои Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон, рушди соҳаи иҷтимоӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ мусоидат мекунанд.
Дар фарҷом раиси ноҳия таъкид намуд, ки корҳои ободониву созандагӣ бояд боз ҳам вусъат дода шуда, ҳар як сокини ноҳия дар тозагӣ, ободонӣ ва пешрафти маҳалли зисти худ саҳми фаъол гузорад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 27

Leave a Reply

Back to top button