Хабарҳои руз

Соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳаи Анзоби ноҳияи Айнӣ

Дар ноҳияи Айнӣ ҷиҳати пешгирии хатари офатҳои табиӣ ва ҳифзи заминҳои назди соҳил корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо маром идома доранд. Дар ин замина, дар деҳаи Анзоб бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Муассисаи давлатии «Мудирияти корхонаҳои сохташаванда»-и вазорати мазкур, корҳои муҳими муҳандисӣ амалӣ гардида истодаанд.
Аз ҷумла, дар километри 20-уми роҳи автомобилгарди деҳаи Анзоб сохтмони канали селпарто бо дарозии 200 метр, бараш 2 метр ва баландиаш 2 метр ҷараён дошта, онро пудратчии МДНРА-и ноҳияи Айнӣ иҷро менамояд. Ҳадафи асосии ин тадбир таъмини амнияти роҳ, пешгирии фаромадани сел ва ҳифзи инфрасохтори муҳими нақлиётӣ мебошад.
Ҳамзамон, бо дастгирии соҳибкорон ва саҳми бевоситаи сокинони деҳа дар соҳили дарё низ корҳои васеи соҳилмустаҳкамкунӣ ба роҳ монда шудааст. Тибқи иттилоъ, аҳолии маҳаллӣ зиёда аз ду километр соҳилро бо истифода аз техникаҳои пуриқтидор ва қувваи ҷисмонӣ мустаҳкам намуда истодаанд. Дар ин раванд аввал сангҳои калонҳаҷм дар соҳил ҷойгир карда шуда, баъдан болои он бо хоку шағал пӯшонида мешавад, ки ин усул ба устувории соҳил ва пешгирии эрозия мусоидат мекунад.
Зимни боздид раиси ноҳия Равшан Раҳимзода бо масъулон ва сокинон суҳбат ороста, аз ташаббус ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандии онҳо изҳори қаноатмандӣ намуд. Қайд гардид, ки чунин иқдомҳо намунаи равшани ҳамкории самараноки давлат ва ҷомеа буда, дар таъмини амнияти экологӣ ва ҳифзи молу мулки шаҳрвандон нақши муҳим доранд.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки дар шароити тағйирёбии иқлим ва зиёд шудани хатари офатҳои табиӣ, бахусус селу обхезиҳо, тақвияти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва истифодаи усулҳои муосири муҳандисӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ба масъулон дастур дода шуд, ки сифати корҳои иҷрошавандаро зери назорати қатъӣ қарор дода, аз масолеҳи босифат истифода намоянд ва корҳои оғозшударо дар муҳлатҳои муқарраршуда ба анҷом расонанд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 17

Leave a Reply

Back to top button