Хабарҳои руз

Гусели ботантанаи наваскарон дар ноҳияи Айнӣ

1 апрели соли 2026 дар ноҳияи Айнӣ маросими тантанавии гусели гуруҳи аввалини ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид. Ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманд, ки бо амри дилу виҷдон ихтиёран хизмати Модар-Ватанро интихоб намудаанд, дар фазои идона ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуданд.
Чорабинӣ дар майдони назди Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони комиссариати ҳарбӣ, масъулини мизҳои ҳарбӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидону наздикони даъватшавандагон баргузор гардид. Маросим бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суханронии худ зикр намуд, ки ин маърака дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2026 таҳти №1146 роҳандозӣ гардида, оғози муташаккилонаи даъвати баҳориро нишон медиҳад. Ӯ таъкид кард, ки ҷавонони ноҳия бо ҳисси баланди ватандорӣ барои адои қарзи шаҳрвандии худ равона мешаванд ва ин боиси ифтихори ҷомеа мебошад.
Раиси ноҳия ба ҷавонон роҳи сафеду барори кор таманно намуда, ҳамзамон ба падару модарон барои тарбияи фарзандони далеру ватандӯст изҳори сипос кард. Қайд гардид, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз лиҳози таъминоти моддӣ-техникӣ ва сатҳи омодагии ҳарбӣ хеле пешрафта буда, ҷавонони ноҳияи Айнӣ низ дар таъмини сулҳу субот саҳми арзанда мегузоранд.
Дар идома прокурори ноҳияи Айнӣ Саидҷамол Ҷалолзода суханронӣ намуда, аз таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар ба таҳкими иқтидори мудофиавӣ ёдовар шуд. Ӯ таъкид кард, ки тарбияи дурусти ҷавонон ва ҳидоят намудани онҳо ба роҳи ватандӯстӣ вазифаи муҳими ҷомеа ва оила мебошад.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ собиқадори меҳнат Узбакой Каримова, даъватшаванда Фарзон Бекназаров ва яке аз падарон – Мавлон Ҷумъаев баромад намуда, аҳамияти хизмати ҳарбиро барои ташаккули шахсияти ҷавон таъкид карданд. Зикр гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби муҳими шуҷоат, матонат ва садоқат ба Ватан мебошад.
Бо дастгирии роҳбарияти ноҳия як қатор ихтиёриён дар Ташкилоти ҷамъиятии “Мададгори мудофиа” таҳсил намуда, соҳиби ихтисос гардидаанд. Дар рафти чорабинӣ ба онҳо гувоҳномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.
Дар фарҷом, тибқи анъана маросими нонгазонӣ баргузор гардида, барномаи фарҳангии ҷолиб пешкаши ҳозирин шуд, ки ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 25

Leave a Reply

Back to top button