
Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузории Фестивали ҷумҳуриявии “Дӯстии ҷавонон” бо иштироки 120 нафар ҷавонон аз ҳудуди ҷумҳурӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла Айнӣ, Исфара, Истаравшан, Панҷакент ва Хуҷанд бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст.
Дар доираи фестивал баргузории ҳамоишу конференсияҳо, семинарҳо, тамошои ҷойҳои таърихию сайёҳӣ, барномаҳои идонаю фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ”, бозиҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳо доир мегардад. Чунин чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки ҷавонон аз манотиқи гуногуни кишвар бо ҳамдигар робитаи дӯстона ва самимӣ барқарор намуда, таҷриба ва ҷаҳонбинии худро ғанӣ гардонанд, рӯҳияи ватандӯстиву худшиносиро тақвият бахшанд ва дар роҳи рушди устувори ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
Нахуст, ҷавонон ба ноҳияи Айнӣ ташриф оварданд. Онҳо аз майдони назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гулгашти шоири халқии Тоҷикистон — муаллифи матни суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ, Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрал, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии Бахши фарҳанги МИҲД-и ноҳия, Маҷмааи “Боғистон” дар деҳаи Сангистон, Маҷмааи Нақибхон Туғрал ва хонамузеи шоир дар зодгоҳаш деҳаи Зоосун дидан карданд.
Зимни баромади худ Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа буда, маҳз аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти онҳо ояндаи дурахшони кишвар вобаста аст. Ӯ бо иқтибос аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки: «Ҷавонон бояд ҳамеша дар рӯҳияи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ ва ватандӯстӣ тарбия ёфта, барои ободию пешрафти Ватан саҳмгузор бошанд». Ҳамчунин зикр гардид, ки таҳкими дӯстии ҷавонон заминаи устувори рушди минбаъдаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулмаҳмадзода дар баромади худ зикр намуд, ки баргузории чунин фестивалҳо ба таҳкими робитаҳои байни ҷавонон, дарёфти чеҳраҳои болаёқат ва рушди иқтидори зеҳнию эҷодии онҳо мусоидат менамояд. Ӯ афзуд, ки Кумита минбаъд низ барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон ва ҷалби онҳо ба ҳаёти фаъоли ҷомеа тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматзода дар баромадаш аз номи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ҷавонони кишварро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки вилояти Суғд ҳамеша макони дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буда, баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва густариши ҳамкориҳои ҷавонон мусоидат мекунад. Ӯ инчунин изҳор дошт, ки ҷавонон бояд бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида барои баланд бардоштани дониш ва малакаҳои худ кӯшиш намоянд.
Фестивал дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ ва руҳияи баланди идона ҷараён гирифта, барои иштирокчиён хотироти нек ва таассуроти фаромӯшнашаванда боқӣ мегузорад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 67










