
Машварати кории Раиси ноҳияи Айнӣ бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия дар заминаи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти Суғд баргузор гардид.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода зимни ифтитоҳи маҷлис муҳтавои мулоқоти Президенти кишварро ба ҳозирин расонида, таъкид намуд, ки Пешвои миллат натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғдро дар моҳҳои январ–феврали соли 2026 мавриди таҳлил қарор дода, барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Бо иқтибос аз суханони Сарвари давлат қайд гардид, ки: «Истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди истеҳсолот бояд таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.»
Раиси ноҳия таъкид кард, ки ин дастуру супоришҳо барои ноҳияи Айнӣ низ аҳамияти аввалиндараҷа доранд ва ҳар як масъул бояд фаъолияти худро дар ин замина тақвият бахшад.
Дар идомаи маҷлис, раиси ноҳия Равшан Раҳимзода ба соҳаи саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, гуфт, ки ноҳияи Айнӣ беш аз ҳама бояд ба рушди саноат аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Мо уҳдадорем, ки истеҳсолотро густариш дода, корхонаҳоро ба фаъолияти пурра баргардонем.
Ӯ ба масъулони соҳа супориш дод, ки барои истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда, таъсиси корхонаҳои нав ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.
Дар самти кишоварзӣ раиси ноҳия махсус таъкид намуд, ки айни ҳол мавсими кишту кор аст. Мо бояд заминҳоро самаранок истифода бурда, онро ба дасти деҳқонони асил супорем. Ҳамчунин, бо дарназардошти имкониятҳои маҳаллӣ, кишти картошка афзал дониста шуда, қайд гардид, ки картошка нисбат ба дигар зироатҳо фоидаи бештар дорад, бинобар ин, кишти он бояд зиёд карда шавад.
Дар бахши маориф раиси ноҳия изҳор дошт, ки маориф соҳаи калидии давлат аст. Ягона роҳи пешрафт омӯзиши илм ва донишандӯзӣ мебошад. Ӯ зарурати дурусти ҷобаҷогузории кадрҳо ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбияро махсус таъкид намуд.
Ҳамчунин, масъалаҳои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳо ва истифодаи самараноки маблағҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, гуфта шуд, ки хароҷоти беҳуда бояд пешгирӣ шуда, маблағҳо ба корҳои ободониву созандагӣ равона гарданд.
Дар маҷлис соҳаҳои дигари муҳим, аз ҷумла барқу об, тандурустӣ, роҳ, ҳифзи муҳити зист, шуғли аҳолӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ низ баррасӣ шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Раиси ноҳия ҳамчунин ба масъалаи сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва пешгирии маъракаҳои зиёдатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Дар фарҷоми машварат ӯ изҳор дошт, ки ҳар шахсе, ки дар рушди ҷомеа саҳм мегузорад, сазовори қадршиносӣ аст.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 11










