
Дар доираи татбиқи сиёсати созандагию ободонӣ ва омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Айнӣ корҳои бунёдкорӣ рӯз то рӯз вусъати бештар касб намуда истодаанд. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ бунёд гардида, сатҳи рушди инфрасохтори маҳаллӣ тадриҷан беҳтар мегардад.
Дар ҳамин замина, раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз рафти корҳои сохтмонии бинои нави Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ки дар мавзеи Дашти Варзи маркази ноҳия ҷойгир аст, боздид ба амал овард. Зимни боздид ӯ бо сохтмончиён ва масъулини соҳа суҳбат намуда, ҷараёни иҷрои корҳои сохтмониро мавриди таҳлил қарор дод.
Сардори Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Айнӣ подполковник Ҳикматулло Иброҳимзода зимни боздид иттилоъ дод, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бинои наву замонавӣ барои бахш бунёд шуда истодааст.
Бинои мазкур бо талаботи ҷавобгӯи замони муосир бунёд гардида, дорои утоқҳои кории барҳаво, толори маҷлисгузаронӣ, ҳуҷраҳои махсус барои навбатдории шабонарӯзӣ, анборҳои таҷҳизоти наҷотдиҳӣ ва дигар инфрасохтори ёрирасон мебошад. Иншоот бо таҷҳизоти муосир таъмин гардида, имконият фароҳам меорад, ки кормандон фаъолияти худро дар сатҳи баланд ва мутобиқ ба талаботи замон ба роҳ монанд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни умумимиллӣ дар ноҳия бунёди 595 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. Бо заҳмати сокинон ва дастгирии мақомоти маҳаллӣ, ин нишондод барзиёд иҷро гардида, то имрӯз 634 иншооти таъиноташ гуногун ба истифода дода шудааст. Илова бар ин, барои соли 2026 боз 134 иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст, ки то ҷашни Истиқлол мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Раиси ноҳия зимни боздид ба масъулин дастур дод, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи босифат ва риояи муҳлатҳои муқарраршуда диққати ҷиддӣ диҳанд.
Ҳамзамон, ёдовар шудан ба маврид аст, ки тибқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025, соли 2026 дар кишвар «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст.
Татбиқи чунин тадбирҳо, аз ҷумла бунёди иншооти нави иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ, далели равшани таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар ба рушди соҳаҳои муҳим ва беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ арзёбӣ мегардад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 14










