Хабарҳои руз

ОҒОЗИ КИШТУ КОРИ БАҲОРӢ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Дар ноҳияи Айнӣ бо фаро расидани фасли баҳор маъракаи кишту кори баҳорӣ расман оғоз гардид. Ин иқдоми муҳими кишоварзӣ таҳти роҳбарии Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода амалӣ шуда, деҳқонон ва хоҷагиҳои кишоварзӣ бо руҳияи баланд ба корҳои саҳроӣ пардохтанд.
Мавриди зикр аст, ки пас аз анҷоми маъракаи суннатии ҷуфтбаророни наврӯзӣ, ки оғози рамзии кишти баҳорӣ ба шумор меравад, дар тамоми ҳудуди ноҳия кишти зироатҳои асосӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо ва картошка оғоз гардид. Ин раванд бо истифода аз таҷрибаҳои муосири агротехникӣ ва риояи қоидаҳои илман асоснокшуда ба роҳ монда шудааст.
Бо дастури роҳбарияти ноҳия, пеш аз ҳама корҳои омодасозии заминҳо ба таври босифат анҷом дода мешаванд. Ба ин раванд ҷуфт кардани заминҳо аҳамияти хоса дода шуда, заминҳо бо пору ва нуриҳои минералӣ ғанӣ гардонида мешаванд. Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва пешгирӣ аз бемориҳо, тухмиҳо бо маҳлулҳои махсуси биотехникӣ коркард гардида, баъдан ба замин кошта мешаванд.
Дар баробари ин, барои ҳифзи зироатҳо аз ҳашароти зараррасон, пеш аз шинонидани картошка дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ чораҳои безараргардонӣ андешида шудаанд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки талафоти ҳосил кам гардида, сифати маҳсулот беҳтар шавад.
Яке аз самтҳои муҳими корҳои баҳорӣ — нигоҳубини дарахтон мебошад. Бо мақсади ҳифзи дарахтон аз бемориҳо ва ҳашароти зараррасон, рангубори пояи онҳо бо маҳлулҳои махсуси биотехникӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин амал барои беҳтар гардидани ҳолати фитосанитарии боғҳо мусоидат мекунад.
Масъулини соҳа таъкид менамоянд, ки ҳамаи ин чорабиниҳо дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ амалӣ гардида, ба баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ равона шудаанд.
Бо чунин тадбирҳои муназзам ва саъю кӯшиши деҳқонон интизор меравад, ки дар соли ҷорӣ ноҳияи Айнӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, саҳми худро дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва экологӣ тоза боз ҳам бештар намояд.
и ещё 25

Leave a Reply

Back to top button