Хабарҳои руз

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ДЕҲАИ ҲАЙРОНБЕДИ НОҲИЯИ АЙНӢ

Дар ноҳияи Айнӣ тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷараён доранд. Ба ин муносибат, 24 марти соли 2026 дар деҳаи Ҳайронбеди Ҷамоати деҳоти Фондарё бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид.
Раиси ноҳия нахуст аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, чакандӯзӣ, кулолгарӣ ва дигар анъанаҳои қадимаи ниёгон боздид намуда, бо ҳунармандон суҳбати самимӣ анҷом дод. Ҳамзамон, дар доираи барномаи фарҳангӣ бозиҳои миллии суннатӣ, аз қабили гуштингирӣ, бандкашӣ ва дигар мусобиқаҳои варзишӣ доир гардида, боиси болидарӯҳии иштирокчиён гардиданд.
Сипас, дар қисми расмии чорабинӣ Раиси ноҳия зимни суханронӣ сокинон ва меҳмононро ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик намуда, иброз дошт, ки Наврӯз яке аз муқаддастарин ва куҳантарин ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, дӯстӣ ва ваҳдати мардум мебошад. Ӯ таъкид кард, ки имрӯзҳо бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ касб намуда, дар арсаи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Ҳамчунин, Равшан Раҳимзода қайд намуд, ки ҷашни Наврӯз мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ раҳнамун месозад. Дар ин замина, сокинони меҳнатқарини ноҳияи Айнӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар рушди соҳаҳои гуногун саҳми назаррас гузошта, барои ободиву пешрафти диёр талош доранд.
Дар идома барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ пешкаши ҳозирин гардида, суруду таронаҳо ва рақсҳои ҷолиб ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд.
Тантанаҳои наврӯзӣ дар деҳаи Ҳайронбед дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ба суннатҳои миллӣ ва рӯҳияи баланди худшиносӣ баргузор гардида, дар хотири иштирокчиён таассуроти нек боқӣ гузоштанд.
и ещё 14

Leave a Reply

Back to top button