Хабарҳои руз

Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Айнӣ

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд. Бо ин мақсад Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз рафти сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и деҳаи Фатмев боздид ба амал овард.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони муассисаи мазкур бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби ширкати сохтмонии “Арасту” идома дошта, тибқи нақша то оғози соли нави таҳсил мавриди истифода қарор дода мешавад. Муассисаи нав бо назардошти афзоиши шумораи хонандагон ва беҳтар намудани шароити таълим бунёд гардида истодааст.
Зимни боздид Раиси ноҳия ба масъулин дастур дод, ки корҳои сохтмониро бо истифода аз масолеҳи босифат ва дар муҳлатҳои муқарраршуда анҷом диҳанд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 10

Leave a Reply

Back to top button