
Дар доираи таҷлили бошукӯҳи ҷашни миллии Наврӯз дар ноҳияи Айнӣ як қатор тадбирҳои созандагиву ободонӣ амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, бо иштироки раиси ноҳия Равшан Раҳимзода дар деҳаи Рарз дорухонаи нави “Сомон Арзон” ба истифода дода шуд.
Ин дорухона бо ташаббуси сокинони маҳаллӣ, оилаи Сангиновҳо бунёд гардида, бо таҷҳизоти муосир ва дорувориҳои босифат таъмин шудааст. Иқдоми мазкур ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии деҳа мусоидат намуда, дастрасии сокинонро ба доруҳои зарурӣ осон мегардонад.
Зимни маросими ифтитоҳ раиси ноҳия Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки бунёди чунин иншооти иҷтимоӣ нишонаи рушди устувори минтақа ва саҳми арзандаи соҳибкорони маҳаллӣ дар ободонии диёр мебошад. Ӯ инчунин изҳор дошт, ки роҳандозии чунин ташаббусҳо дар партави сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар амалӣ гардида, ба беҳтар шудани шароити зиндагии мардум равона шудааст.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки дар арафаи ҷашни Наврӯз дар ноҳия як қатор иншооти дигар низ мавриди истифода қарор дода мешаванд, ки ба рушди инфрасохтор ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳанд кард.
Сокинони деҳа аз ифтитоҳи дорухонаи нав изҳори қаноатмандӣ намуда, онро қадами муҳим дар самти беҳдошти хизматрасонии тиббӣ арзёбӣ карданд. Тантанаҳои наврӯзӣ дар ноҳия бо руҳияи болида ва иштироки фаъолонаи мардум идома доранд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 4










