
Дар доираи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ чорабинии идона бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар ин тантана Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода иштирок намуда, сокинон ва меҳмононро ба муносибати фарорасии баҳори нозанин ва Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфт.
Маркази Ҷамоати деҳоти Рарз дар ин рӯз ба як базмгоҳи ҳақиқии наврӯзӣ табдил ёфта, бо оростани растаҳо ва хаймаҳои идона фазои нотакрори идона фароҳам оварда шуд. Дар онҳо бо риояи суннатҳои миллӣ суфраҳои «ҳафт син» ва «ҳафт шин», таомҳои миллии наврӯзӣ, шириниҳои гуногун, аз ҷумла суманак, инчунин маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Ҳамзамон, ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, намадбофӣ, кулолгарӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, сабадбофӣ, рассомӣ ва дигар навъҳои ҳунармандӣ муаррифӣ гардида, маҳорати баланди ҳунармандони маҳаллӣ ба маъраз гузошта шуд. Ташкили бозиҳои миллии наврӯзӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшида, иштироки фаъоли кӯдакон ва наврасон дар онҳо барои тарбияи эҳсоси худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мусоидат намуд.
Раиси ноҳия ҳамроҳ бо ҳайати меҳмонон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳолҳо ва тухмиҳои кишт, инчунин ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ боздид намуда, ба фаъолияти ҳунармандон ва деҳқонон баҳои баланд дод.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия пешкаши ҳозирин гардид. Ҳунармандони маъруф ва сарояндаи хушсадо, зодаи деҳаи Рарз Умеди Шарифзод бо иҷрои сурудҳои дилнишин табъи ҳозиринро болида гардониданд.
Зимни суханронии худ Равшан Раҳимзода аз таърихи қадимаи Наврӯз ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ин ҷашни бостонӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ касб намуда, аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардидааст. Қайд гардид, ки Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, дӯстӣ ва ҳамбастагӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди фарҳанги ҷомеа нақши муҳим дорад.
Таъкид карда шуд, ки таҷлили чунин чорабиниҳо барои эҳёи суннатҳои аҷдодӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ ва тақвияти ҳисси ватандӯстӣ дар байни насли ҷавон мусоидат менамояд.
Иди Наврӯз, ки яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёист, рамзи оғози ҳаёти нав, покизагӣ ва эҳёи табиат буда, дар фарҳанги миллӣ ҷойгоҳи хоса дорад. Имрӯз низ ин ҷашн бо тамоми расму ойинҳои неки ниёгон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 49










