Хабарҳои руз

Тантанаҳои Наврӯзӣ дар ноҳияи Айнӣ: Ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ дар деҳаи Гузари Бод

Дар доираи тантанаҳои бошукӯҳи Наврӯзӣ дар ноҳияи Айнӣ боз як иқдоми муҳимми иҷтимоӣ амалӣ гардид. Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода дар фазои идона синфхонаҳои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и мавзеи Дашти Конзари деҳаи Гузари Бодро мавриди истифода қарор дод.
Лоиҳаи мазкур бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва бо саҳми арзандаи фарзандони ватандӯсти ин диёр амалӣ гардида, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чор синфхонаи нав бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зимни маросими ифтитоҳ Равшан Раҳимзода иброз дошт, ки рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ӯ таъкид кард, ки маҳз тавассути фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил метавон насли босавод, худогоҳ ва ватандӯстро ба камол расонд. Ҳамзамон зикр гардид, ки чунин иқдомҳо дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва беҳдошти шароити таҳсили хонандагон мусоидат мекунанд.
Раиси ноҳия инчунин афзуд, ки таҷлили Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёгару созанда, мардумро ба ободкориву бунёдкорӣ ҳидоят менамояд ва татбиқи чунин лоиҳаҳо далели равшани ҳамин рӯҳия мебошад.
Бояд қайд кард, ки то имрӯз дар филиали муассисаи мазкур танҳо хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба таҳсил фаро гирифта мешуданд. Хонандагони синфҳои болоии мавзеи Дашти Конзар маҷбур буданд, ки ҳар рӯз масофаи зиёда аз 4 километрро тай намуда, ба мактаби марказии деҳа раванд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани синфхонаҳои иловагӣ ин мушкилот пурра бартараф гардида, акнун ҳамаи хонандагони деҳа бо шароити муосир дар назди маҳалли зисти худ ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Иқдоми мазкур аз ҷумлаи корҳои созандагиест, ки дар арафаи ҷашнҳои миллӣ амалӣ гардида, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинон ва рушди устувори соҳаи маориф мусоидат мекунад.
Айни ҳол хонандагон дар таътили баҳорӣ қарор дошта бошанд ҳам, хоҳишмандон ба муассиса ҷалб гардида, барои омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм фурӯғи маърифат» машғулиятҳои иловагӣ мегузаронанд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суҳбату мулоқот бо хонандагон онҳоро ба донишандӯзӣ, мутолиаи пайваста ва соҳибилму соҳибкасб шудан ҳидоят намуда, таъкид кард, ки маҳз ҷавонони босаводу фаъол ояндаи дурахшони кишварро таъмин менамоянд.
Ҳамзамон, ба омӯзгорон дастур дода шуд, ки сатҳу сифати таълимро боз ҳам баланд бардошта, бо истифода аз усулҳои муосири омӯзишӣ ва ҷалби бештари хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, барои дарёфти истеъдодҳои нав ва рушди қобилияти зеҳнии онҳо тадбирҳои муассир андешанд. Инчунин, таъкид гардид, ки ба масъалаи тарбияи маънавию ахлоқии хонандагон, тақвияти ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Дар зимн, як қатор шахсони саҳмгузор дар бунёди муассиса бо Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 37

Leave a Reply

Back to top button