Дар доираи тадбирҳои созандагиву ободонӣ ва рушди соҳаи маориф, дар деҳаи Фатмовути ноҳияи Айнӣ корҳои сохтмонии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 бо маром идома доранд. Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ боздид намуда, бо сифату суръати иҷрои он шинос гардид.
Муассисаи нави таълимӣ дар ду ошёна бунёд гардида, дорои 8 синфхона буда, барои таҳсили 192 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Дар оянда бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ имкони фарогирии то 320 хонандаро дар ду баст низ дорад. Мактаб бо тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла системаи гармидиҳӣ, обтаъминкунӣ, иншооти ёрирасон ва майдончаи варзишиву фарҳангӣ таъмин мегардад.
Айни замон қариб 70 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, тадбирҳо барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муайян ба истифода додани муассиса идома доранд. Фармоишгари лоиҳа Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро ташкилоти пудратӣ амалӣ намуда истодааст.
Зимни боздид, Равшан Раҳимзода аз муассиса дидан карда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбати самимӣ анҷом дод. Дар рафти мулоқот, мавсуф ба сатҳи дониш ва фаъолнокии хонандагон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онҳоро ба аз худ кардани донишҳои муосир ва идомаи таҳсил ҳидоят намуд. Ҳамзамон, бо омӯзгорон оид ба беҳтар намудани сифати таълим ва тарбия мубодилаи афкор сурат гирифт.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ба ҳисоб рафта, фароҳам овардани шароити муосири таълим барои насли наврас омили муҳими пешрафти ҷомеа мебошад.
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баъди ба истифода додани бинои нави мактаб, дар заминаи муассисаи кӯҳна муассисаи томактабӣ таъсис дода шуда, барои тарбия ва таълими кӯдакони синни томактабӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур бо назорати доимӣ қарор дошта, барои дар сатҳи баланд анҷом додани онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 14










